Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори чаҳор ниҳоди байналмилалӣ дар мавриди вазъияти паноҳҷуён

Чаҳор ниҳоди байналмилалӣ дар баёнияи муштарак нисбат ба вазъияти нигаронкунандаи паноҳҷуён, муҳоҷирон ва оворагон дар ҳамагирии вируси коруно ҳушдор доданд. Онҳо аз давлатҳо хостанд то барои ҳифозат аз ҷони ҳама инсонҳо талош кунанд. 

Комиссарияти олии Созмони милали муттаҳид барои паноҳандагон, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва комиссарияти олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар баёнияе, ки рӯз 31 март мунташир шуда, ҳушдор додаанд, ки ҳамагирии вируси коруно шароити нигаронкунандаеро барои паноҳҷуён, муҳоҷирон, оворагон ва афроди бидуни тобеият ба вуҷуд овардааст. 

Дар ин баёнияи муштарак омада, се чаҳоруми кулли паноҳҷуёни ҷаҳон ва бисёре аз муҳоҷирон дар кишварҳое дар ҳоли тавсеа ба сар мебаранд, ки хадамоти дармонӣ ва системи беҳдоштиашон дар ҳоли ҳозир низ бо чолиш рӯ ба рӯст ва зарфияташон такмил шудааст. Ба гуфтаи ин созмонҳои байналмилалӣ бисёре аз ин паноҳҷуён дар кампҳо, сукунатгоҳҳо ва чодарҳое зиндагӣ мекунанд, ки дастрасии муносибе ба хадамоти дармонӣ, оби ошомидании солим ва системи беҳдоштии муносиб надоранд.

Онҳо дар баёнияи худ ҳушдор додаанд бо таваҷҷуҳ ба паёмадҳои маргбори шуйӯъи бемории COVID-19 вазъияти паноҳҷуён ва муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар шароити душвор ва ғайрибеҳдоштӣ нигаҳ дошта мешаванд башиддат нигаронкунандааст. Ин созмонҳо хостори озодии фаврии ин паноҳҷуён шудаанд. 

Комиссарияти олии Созмони милали муттаҳид барои паноҳандагон, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва комиссарияти олии ҳуқуқи башар таъкид кардаанд, ки муҳоҷирон ва паноҳҷуён бо табъиз ва маҳрумият рӯ ба рӯ ҳастанд ба вежа агар ҳувияти онҳо сабт нашуда бошад. Дар ин баёния барои пешгирӣ аз як “фоҷиа” хоста шуда то давлатҳо тамоми талоши худро барои ҳифозати ҳуқуқ ва саломатии ҳамаи инсонҳо ба кор гиранд. 

Ин Созмонҳо навиштаанд давлатҳо барои тазмини дастрасии паноҳҷуён ва муҳоҷирон ба системи беҳдоштӣ ва дармонӣ ба ҳимоятҳои молии изофа ниёз доранд ва аз ҳамин рӯ лозим аст, ки ниҳодҳои молии ҷаҳон барои тахсиси кумакҳои молӣ бештар ба майдон биёянд. 

Дар ин баёния бо ишора ба иқдоми давлатҳо барои бастани марзҳо ва маҳдуд кардани тараддудҳои марзӣ таъкид шуда, бо ин ҳол ҳанӯз равишҳои барои мудирияти маҳдудиятҳои марзӣ вуҷуд доранд, ки эҳтиром ба мавозини ҳуқуқи башари байналмилал ва стандартҳои ҳимоят аз паноҳҷуёнро тазмин мекунанд. 

Ин чаҳор ниҳоди байналмилалӣ таъкид кардаанд дар шароити буҳронии кунунӣ, ки вируси коруно таҳдиде барои башарият ба шумор меравад, тамаркузи аслӣ бояд ҳифзи зиндагии ҳама инсонҳо сарфи назар аз вазъияти иқоматашон бошад. 

Ин баёния дар ҳоле содир шудааст, ки Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар тозатарин суханронии худ вируси коруноро “бузургтарин чолиши ҷаҳон пас аз ҷанги ҷаҳонии дувум” хонда ва гуфт ин чолиш “посухе қавӣ ва муассир” аз башарият талаб мекунад. 

Гуттериш рӯзи сешанбе 31 март дар як паёми видеоӣ хитоб ба раҳбарон ва мардуми ҷаҳон дар мавриди паёмадҳои сиёсӣ ва иқтисодии ношӣ аз шуйӯъи коруно ҳушдор дода ва хостори ҳамоҳангии байналмилалӣ дар муқобила бо ин беморӣ шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *