Шахсияти ду тоҷике, ки дар Белгород даҳҳо нафарро парронданд, маълум шуд
Шахсияти ду нафаре, ки дар машқгоҳи Белгород ба сӯи басиҷиҳо тир кушоданд, маълум шудааст. Ҳарду шаҳрвнади Тоҷикистон буда яке Меҳроб Раҳмонови 24-сола ва дигаре Эҳсон Аминзоди 24-сола гуфта мешаванд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар медиҳанд.
Қаблан Паём ҷузъиёти ин ҳодисаро аз ҳабони яке аз маҷрӯҳон дода буд. Ба гуфтаи ӯ ҳади ақал 32 нафар кушта шудаанд, аммо расонаҳои русӣ аз кушта шудани 11 нафар мегӯянд.
Паём дар Фейсбук бо номи Аминзода Эҳсон (с.т. 1998) пайдо кард, ки аксҳояш ба акси дар маълумотномае, ки расонаҳои онро нашр карда яке аз тиркушодаҳо муаррифӣ карда буданд шабоҳат доранд. Ҳоло маълум шуд ин ҳамон Аминзода будааст.
Ҳамчунин ба дасти Паём и вазири умури дохилаи Русия расид, ки амр додааст 75 000 нафар шаҳрвандони се кишвари Осиёи Миёна — Тоҷикистон, Узбекситон ва Қирғизистон ба сафи артиши ин кишвар ҷалб карда шаванд.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳои бо фишору таҳдиду зӯрӣ ба артиши Русия ҷалб шудани шаҳрвандони Тоҷикистон нашр шуда буд. Ҳоло маълум мешавад Эҳсон Аминзода низ бо зӯр аз кӯча дуздида ва ба артиш фиристода шудааст.
Радиои Озодӣ менависад бо кӯмаки корбарон шахсият ӯро муайян ва наздиконашро пайдо кардааст.
Пайвандони Эҳсон Аминзода (Эҳсони Тоҷиддин), шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки дар тамрингоҳи Белгороди Русия кушта шудааст, гуфтаанд, «ӯ дар тарабхонае бар асоси патент кор мекард ва нияти ба ҷанг рафтан надошт».
Онҳо иддао доранд, ки ӯ рӯзи 10-уми октябр дар назди метрои Люблинои Маскав «гум шуда буд» ва хабари маргашро 16-уми октябр мақомоти рус расонданд.
Тоҷиддин Аминзода, падари Эҳсон, ки дар ҳукумати вилояти Хатлон кор мекунад, рӯзи 17-уми октябр дар тамоси телефонӣ хабари марги писарашро тасдиқ карда, аммо гуфтааст, ҳолати равонӣ барояш имкон намедиҳад, ки дар бораи писараш ҳарф занад.
Фирӯз Аминзода, бародари Эҳсон Аминзода, рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ аз Маскав гуфтааст, бародараш ҳафт моҳ пеш ба Русия рафта, дар як тарабхона кор мекард.
«Бародарам шаҳрвандии Русияро надошт ва бо патент фаъолият дошт. Ҳоло маро ба Прокуратураи ҳарбӣ даъват карданд. Намедонем, ӯ чӣ хел дар Белгород пайдо шуд. Бародари ман на террорист буд, на чунин фикр дошт. Як муҳоҷири одӣ буд, ки мехост кор кунад ва зиндагияшро бисозад,» – афзуд ӯ.
Аминзода гуфт, бародараш рӯзи якшанбеи гузашта, 10-уми октябр, баъд аз кор гуфтааст, ба назди дӯстонаш меравад ва ба ҳамин телефонаш хомӯш шудааст. Ӯ гуфт, бародараш «шахси мутаасиб набуд».
Як дӯсти Эҳсон, ки нахоста номаш зикр шавад гуфта, ӯ ҳеч гоҳ қасди ба ҷанг рафтан надошт ва мехост, зудтар пул кор кунад ва ба Тоҷикистон рафта, бо дӯстдоштааш издивоҷ кунад.
«Ҳамаи мо ба шок афтодем. Ӯро мекофтем ва фикр кардем, шояд ба назди кадом шинос ё ба Тоҷикистон рафтааст. Ният доштем, эълон диҳем, ки ӯ гум шуда. Ақидаи ифротӣ надошт ва мисли ҷавонони дигар буд. Агар сахт диндор мешуд, дар ресторан кор мекард?» — гуфтааст ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даст доштани шаҳрвандони кишварро ба ҳамла ба Белгород таҳқиқ доранд.