Рубрики Хабарҳо

Рекорди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар Русия

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 286 маризи коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки аз замони хуруҷи маризӣ то ҳол, рекордӣ аст

Дар Русия давоми як шабонарӯзи ахир 286 дардманди коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оиди коронавирус дар Русия.

Манбаъ меафзояд, ин адад аз замони авҷи маризӣ то ҳол бесобиқа аст.

Ситоди фаврӣ мегӯяд, дар як рӯзи гузашта, дар Русия боз 13754 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи чоршанбе 477 ададкамтар аст.

Дар Маскав 3942 ҳолат ошкор карда шудааст ва дар пойтахт шумораи сироятҳои ошкоршуда чанд рӯз боз рӯ ба коҳиш ниҳодааст (як рӯз пеш аз он 4573, як рӯз қабл — 4618).

Аз сатҳи 4 ҳазор, афзоиши ҳаррӯза дар Маскав бори аввал пас аз ҷумъаи 9 октябр коҳиш ёфт.

Зимнан, рекорди қаблӣ ду рӯз пеш, 13 октябр, вақте ки ситод аз марги 244 нафар хабар дод ва як рӯз пеш аз он 239 нафар фавт шуда буд, гузошта шуда буд.

Гуфта мешавад, танҳо дар Маскав як шабонарӯзи ахир 57 бемор қурбон шудаднд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *