Рубрики Хабарҳо

Вазорати дифоъи Русия сафари Шойгу ба Теҳронро “оғози марҳалаи муҳим” номид

Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия рӯзи сешанбе барои як сафари расмӣ вориди Эрон шуд, ки “гоме муҳим” барои ҳамкории низомӣ байн Маскав ва Теҳрон маҳсуб мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки Эрон муттаҳам ба фурӯши паҳподҳои интиҳории мавриди истифодаи артиши Русия дар ҷанги Укроин аст. 

Ин нахустин сафари вазири дифоъи Русия ба Теҳрон пас аз ҳамлаи ба Укроин дар феврали соли гузаштааст. 

Сергей Шойгу дар штаби Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ки сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раёсати он мунтазири вай буд мавриди истиқбол қарор гирифт. 

Ҳайати русӣ тибқи гуфтаи мақомоти ин кишвар дар ин сафар дидорҳое бо фармондеҳони аршади низомии Эрон хоҳанд дошт. 

Вазорати дифоъи Русия мегӯяд, кӣ, ин сафар ба тақвияти равобити низомии Русия ва Эрон кумак хоҳад кард ва ба марҳалаи муҳимме дар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар табдил хоҳад шуд. 

Эрон аз сӯи Ғарб муттаҳам аст, ки теъдоди бисёр зиёди паҳподи Шоҳид-136-ро ба артиши Русия таҳвил додааст бо ин ҳол Теҳрон ин мавзӯъро рад мекунад. 

Тибқи гузориши расонаҳои Эрон, тавсеаи дипломосии дифоъӣ, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамчунин муқобила бо таҳдидоти муштарак ва терроризми байналмилалӣ аз ҷумлаи меҳварҳои аслии ин дидор маҳсуб мешавад. 

Маскав ва Теҳрон шомили таҳримҳои байналмилалӣ ҳастанд бо ин ҳол дар тӯли соли гузашта онҳо равобити наздике дар чандин бахш аз ҷумла дар бахши ҳамкории низомӣ ва энержӣ эҷод кардаанд. 

Эрон дар моҳи марти гузашта эълом кард, ки қарордоди хариди ҷангандаи Су-35 аз Русия имзо шудааст. Иёлоти муттаҳида дар моҳи май таъйид кард, ки ду кишвар дар ҳоли “тавсеаи мушорикати дифоъии худ” ҳастанд. 

Эрон аз ибтидои соли ҷории мелодӣ бо ҳадафи коҳиши инзивоии худ аз тариқи пайванди наздиктар бо Русия ва Чин бо ҳамсоягони араби худ оштӣ карда ва дар саҳнаи дипломатик бисёр фаъол будааст. 

Ҷангандаи омӯзишии Як-130 (Yak-130) ахиран вориди Эрон ва таҳвили нерӯи ҳавоии артиш шудааст. 

Як-130 як ҳавопаймои пешрафтаи омӯзишӣ-размӣ аст, ки тавассути ширкати Яковлеви Русия тарроҳӣ ва тавлид шудааст. 

Тибқи гузориши расонаҳои Эрон ин ҳавопаймо бино ба суфориши артиши Русия барои ҷойгузинӣ бо ҷети омӯзишии L-39 тарроҳӣ шуда ва қобилиятҳои парвоз бо ҳавопаймоҳои насли 4++ монанди Су-35 ва насли 5 монанди Су-57-ро фароҳам мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *