Шаби 31 декабр дар натиҷаи занозанӣ ва тирпарронӣ байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ дастикам як афсар захмӣ шудааст.
Дар ин бора сомонаи Ахбор бо такя ба манобеаш хабар медиҳад.
Тибқи манбаи хабар Одилҷони Равшанро, ки аз сараш ҷароҳат бардоштааст, ибтидо дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карда, сипас ба Маркази тиббии Оғохон, ки таҷҳизоти ташхисии муосир дорад, интиқол додаанд ва рӯзи 1 январ аз инҷо ба пойтахт бурдаанд. Мақомоти расмӣ то кунун дар бораи ҳодисаи шаби Соли нав дар Хоруғ хабаре ё шарҳе надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки сомонаи интернетии PamirDaily.com хабар дод, ки шаби Соли нав дар тарабхонаи «Ӯзбекистон» дар натиҷаи тирпарронӣ байни кормандони мақомоти қудратии ба Хоруғ фиристодашуда як нафар ба ҳалокат расида, ду нафарро ба бемористон интиқол додаанд.
Бо вуҷуди сару садои зиёде, ки дар атрофи ин ҳодиса дар байни мардум чарх мезананд, мақомоти расмӣ то кунун дар бораи ҳодисаи шаби соли нав дар Хоруғ шарҳе надодаанд.
Моҳи сентябри соли 2018, дар пайи як интиқоди шадиди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ҷиноӣ дар ВМКБ, дар ин вилояти мухтор як ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартибот ташкил дода, нирӯҳои иловагии зиёде, аз ҷумла нирӯҳои ОМОН ва «Алфа»-ро ба Бадахшон эъзом карданд. Бо гузашти инак як солу 5 соҳ ин нирӯҳои иловагӣ то ҳол дар Бадахшон боқӣ мондааст.