Рубрики Хабарҳо

Илон Маск бо дувумин ихроҷи мудирон ягона мудири Твиттер мешавад

Молики нави Твиттер дар пайи тағйироте бузурги дигар дар ин шабакаи иҷтимоӣ аст. Аввал мудирони аршад тағйир карданд ва ҳоло хабар расидааст, ки ҳамаи аъзои ҳайати назорат низ ихроҷ шудаанд. “Тики кабуд” низ дигар бепул нест. 

Баъд аз ихроҷи мудирони аршаде ҳамчун Параг Агравал, мудири омил, Нед Сигал, мудири молӣ ва Виҷай Гад, раиси бахши ҳуқуқӣ, инак навбат ба аъзои ҳайати назорати Твиттер расидааст. 

Рӯз сешанбе аввали ноябр аз сӯи комиссияи бурс ва авроқи қиматноки Амрико (SEC) хабар расида, ки ин мултимиллиардер бо ихроҷи тамоми аъзои ин шӯро роҳро барои мудирият инҳисории худ бар ин палатформи онлайнӣ боз кардааст. 

9 мудири қаблӣ, ки чамабараки идораи твиттерро дар даст доштанд, аз ҷумла Брет Тейлор, мудири шӯрои идорӣ постҳои худро аз даст додаанд. 

Шӯрои идории ширкатҳои амрикоӣ аз ҳайати мудира ва ҳайати назорат таркиб ёфтааст. Аз ҷумла вазифаҳои ин шӯро интихоб, мушовира ва контроли мудирияти аршад ва гирфитани тасмимҳои муҳим дар мавриди мавқеъгирӣ ва рушди ширкат аст. 

Маск ширкати Твитерро панҷшанбеи гузашта баъд аз моҳҳо кашмакаш ба қимати 44 миллиард доллар харид ва билофосила ихроҷи мудирони аршадро оғоз кард. 

Сарнавишти “Тики кабуд” 

Илон Маск баъд аз моликият бар Твиттер эълом кард, раванди дарёфти “тики кабуд”, ки нишон аз таъйиди ҳувият ва эътибори корбар тавассути ин ширкат дорад, мавриди бознигарӣ қарор хоҳад гирифт. 

Ӯ дар твитте навишт, ки “раванди таъйиди корбарон дар ҳоли ислоҳ аст.” 

Веб-сайти фанноварии “Платформ” якшанбе бо истинод ба изҳороти ду манбаъи огоҳ хабар дод, ки қарор аст дар ивази касби “тики кабуд” аз корбарони маблағ дарёфт шавад. 

Бар ин асос, корбарон барои ин, ки “тики кабуд”-и худро ҳифз кунанд бояд ба “твиттер блу” бипайванданд, ки дар ҳоли ҳозир 4.99 доллар дар моҳ маблағи иштирок дарёфт мекунад. 

Твиттери кабуд ё “твиттер блу», ки соли гузашта ба унвони аввалин сервиси пулии платформи шабакаи иҷтимоӣ вориди майдон шуд дорои қобилиятҳои изофӣ аст, аз ҷумла метавон мӯҳтавои твитро баъд аз интишор тағйир дод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *