Ба стратегияи рушди иқтисоди сабзи Тоҷикистон, дар муддати 15 соли минбаъда, аз соли 2023 то соли 2037, зиёда аз 21 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мешавад.
Бино ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар ин бора рӯзи 6 декабр дар Душанбе зимни машварат оид ба мавзӯи рушди иқтисоди сабз дар Тоҷикистон хабар дода шуд.
Мақсади ин Стратегия гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди сабз мебошад.
Гуфта мешавад, дар маблағгузрории ин стратегия дастгирии сармоягузории институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд нақши калидӣ дорад.
Иқтисодиёти «сабз» тарзи фаъолияти хоҷагидориест, ки «ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад». Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»- ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим маънидод кардан мумкин аст.