Ба гуфтаи муовини вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ тафоҳумномаи 40 миллиарддолларии ин кишвар бо Русия моҳи оянда ба қарордод табдил мешавад. Вазири нафти Эрон ибрози умедворӣ кардааст ин кор “то поёни сол ва авоили соли оянда” анҷом шавад.
Муовини дипломасии иқтисодии вазорати хориҷа мегӯяд ҳудуди шаш миллиарду 500 миллион доллар аз тафоҳумнома бо ширкати “Газпром”-и Русия табдил ба қарордод шуда ва тафоҳумномаҳои дигар ба арзиши 40 миллиард доллар дар як моҳи оянда ба қарордод табдил мешаванд.
Хабаргузории Садо ва Симо рӯзи чаҳоршанбе, дуюми ноябр аз қавли Маҳди Сифрӣ гузориш дод, тарҳи Эрон барои тиҷорати газ бо Русия хариди газ аз ин кишвар ва судури гази дохилӣ ба кишварҳои ҳамсоя аст.
Миёнаи моҳи июл хабаре дар мавриди имзои як “тафоҳумномаи ҳамкории роҳбурдӣ” миёнии ширкати миллии нафти Эрон ва ширкати “Газпром”-и Русия мунташир шуд, ки арзиши он ҳудуди 40 миллиард доллар эълом шуда буд ва зоҳиран ҳамон тафоҳумномае аст, ки Сифрӣ аз табдили он ба қарордод “дар моҳи оянда” сухан гуфтааст.
Шабакаи иттилоърасонии нафт ва энержии Эрон (ШОНО) 20 июл гузориш дод тафоҳумномае ба сурати онлайн ба имзои Мӯҳсин Ҳуҷастамуҳр, муовини вазири нафт ва мудиръомили ширкати миллии нафти Эрон ва Виталий Маркелов, мудиръомили ширкати “Газпром” имзоъ шудааст.
Имзои тафоҳумнома ҳамзамон бо сафари Путин ба Теҳрон
Ин тафоҳумнома дар рӯзе имзо шуда, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар яке аз нахустин сафарҳои хориҷии худ пас аз таҷовузи низомиёни русӣ ба Укроин вориди Теҳрон шуд.
Яке аз меҳварҳои ройзаниҳои Путин дар Теҳрон, ки Раҷаб Таййиб Урдуғон ҳамтои турки ӯ низ дар он ҳузур дошт вазъияти Сурия буд.
Зоҳиран дар ҷараёни ин сафар музокирот дар бораи хариди паҳподҳои интиҳории Шоҳид-136 низ, ки мутобиқи шавоҳид Русия аз онҳо дар ҷанг алайҳи Укроин истифода карда, ниҳоӣ шудааст.