Имрӯз, 5 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти низомӣ фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода гузориш дод.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни таърихии 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии гвардия, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ — афсарону сарбозонро ба ифтихори 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфт.
Таъкид гардид, ки Гвардияи миллӣ воҳиди махсуси дорои иқтидору имкониятҳои муосир ва омодабошии баланд буда, дар ташаккули низоми мудофиавии кишвар нақши муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки Гвардияи миллӣ мисли дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давраи барои кишвар басо вазнину ҳассос ва дар заминаи як бригадаи таъиноти махсус таъсис дода шуд.
“Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо дарназардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба як сохтори қудратманди ҳарбии таъиноти махсус табдил ёфтааст, ки ин дар навбати худ, яке аз омилҳои муҳимми ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии кишвар ва амнияти давлату ҷомеа мебошад”, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Хотиррасон карда шуд, ки афсарону сарбозони гвардия дар солҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, таъмин намудани сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия ва умуман ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дорои малакаву дониши мукаммал, интизоми қатъии ҳарбӣ, сатҳи баланди касбият, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва намунаи ибрати садоқату ватандорӣ бошанд.
Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.
«Дар Паради ҳарбӣ ба ифтихори таҷлил аз ин санаи муҳими таърихӣ беш аз 5 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот иштирок намуданд»,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Ёдовар мешавем, ки Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар буда, дар тобеияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қарор дорад.
Ин сохтори бонуфузи низомӣ моҳи январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал бо номи Гвардияи президентӣ таъсис дода шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube