Рубрики Хабарҳо

3 кушта ва 4 маҷрӯҳ дар садамаи роҳи Душанбе Чаноқ

Садама дар километри 46-уми роҳи Душанбе – Ҷаноқ, ки ба бархӯрди чанд мошин ва ҳамчунин таркиши мошини ҳомили газ расонд, 3 кушта ва 4 маҷрӯҳ ба ҷой гузошт, ки дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ширкати IRS, ки масъули назорат, аниқтараш пулчинӣ дар роҳи Душанбе — Чаноқро ба дӯш дорад, дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

Дар ҳамин ҳол ин ширкат хабар дар бораи ба автобуси ширкати «Asian Express» бархӯрдани мошини ҳомили газ ва марги ронандаи онро, ки КҲФ аз он хабар дода буд, рад кардааст.

Тиқи иттилоъи манбаъ, ронандаи мошини ҳомили газ худро аз мошин берун партофта, бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона аст. Дар шарҳи ин ширкат чунин омадааст:

Баъд аз кор баромадани тормоз, автомобили мазкур бидуни тормоз қариб ду километрро тай карда, сипас ба дарё сарозер мешавад. Дар ин фосила ронанда худро аз мошин берун партофта, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона интиқол меёбад.

Мутаассифона, баъд аз рух додани таркиш бо сабабҳое, ки баъдтар мақомоти дахлдор шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ду мусофири ду автомобили сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, як нафар зан зери автобус монда, ҷон медиҳад. Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштанд, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Овозаҳо дар мавриди он ки автомобили зикршуда бо автобус бархӯрдааст, беасос мебошад. Нақлиёти мусофиркаши мавриди назар ба дохили ҷуйбори канори роҳ афтода, мусофирони он, аз ҷумла 17 шаҳрванди хориҷӣ сиҳату саломатанд.»

Қаблан як хонандаи Паём Хабар дода буд, ки наҷотдиҳандагон чанд нафарро рӯи роҳ хобондаанд ва маълум нест маҷрӯҳанд ё кушта. Ӯ гуфта буд мақомот мусофиронро аз ҷои ҳодиса дур карда, аксбардориро иҷоза намедиҳанд.


Шарҳи Вазорати корҳои дохила дар бораи ин садама чунин аст: “6 сентябри соли 2022, соати 10:30-дақиқа, дар 43 километри шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» автомашинаи газкашон, тамғаи «Дулан», рақами қайди давлатиаш 3913 НА 01 РТ, таҳти идораи ронанда Шамсиддинов Амиршо, сокини ноҳияи Панҷ, шаҳраки Панҷ, бинобар сабаби аз кор баромадани таҷҳизоти тормоздиҳӣ ба болои тарозӯи плазаи толлингии «Ҳушёрӣ», ки ба ширкати саҳҳомии IRS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, бархӯрда, ба дарёи Варзоб афтода, таркиш кардааст”.

Аммо шумори зарардидагонро камтар гуфтааст: “Дар натиҷаи таркиш 2 нафар ба ҳалокат расида, 1 нафар ҷароҳат бардошта, 2 автомашинаи дигар қисман зарар дидааст”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *