Рубрики Хабарҳо

ФСБ аз қатли ду «террорист»аз ОМ дар Волгоград хабар дод

Хадамоти федеролии амнияти Русия ФСБ рӯзи 15 октябр аз ошкор шудани фаъолияти як шуъбаи махфии созмони мамнӯи террористии «Катиба Тавҳид вал Ҷиҳод» дар Волгоград ва қатли ду «террорист»-и зодаи Осиёи Марказӣ хабар дод. Мақомоти амниятии Русия аз кадом кишвари Осиёи Марказӣ будани ин ду нафарро ошкор накардаанд, вале мегӯянд, ки онҳо қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Волгоградро дар сар доштанд.

Маркази робитаҳо бо ҷомиаи Хадамоти фдеролии амнияти Русия дар иттилоияи расмиаш гуфт: «Роҳбари ин гуруҳ ва шарики вай, ки мехостанд воситаҳои ҳамлаи террористиро аз махфигоҳи қаблан сохтаашон дар Волгоград берун бикашанд, ҳангоми боздошт ба кормандони Хадамоти фдеролии амнияти  Русия муқовимати мусаллаҳона нишон доданд ва дар натиҷа аз байн бурда шуданд. «

Дар видеои нашркардаи ФСБ дар як ҷангалзор ҷасадҳои кушташудаҳо  дида мешавад ва ҳамчунин дида мешавад, ки кормандони Хадамоти федеролии амнияти Русия маводи таркандаро аз махфигоҳ мебароранд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни кофтуков як силоҳи оташфишон, тирҳо, васоили лоим барои сохтани бомбҳои худсохт, адабиёти динӣ ва ҳамчунин харитаи Волгоград, ки дар он ҳадафҳои ҳамлаҳои оянда хат кашида шуда буд, ёфт шудааст.

Ба гуфтаи ФСБ, омодагӣ ба ҳамлаҳо дар Волгоград аз Сурия ҳамоҳанг мешуд ва ҳамлагарон мехостанд идораҳои давлатӣ, хобгоҳи ҳарбиён, корхонаҳои хатарнок ва ҳамчунин муҷассамаи Ватан-Модарро битарконанд.

ФСБ гуфт, шарикони ин ду нафар дар Маскав, Санкт-Петербург, Уфа ва Майкоп дастгир шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *