Рубрики Хабарҳо

Шоҳҷоиза ва медали тиллои ду омӯзгорзани Донишгоҳи миллӣ дар форими байналмиллӣ

Ду омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ширкат карданд, бо шоҳҷоиза ва медали тилло баргаштанд.

Устодони факултаи химия, номзадҳои илмҳои химия, дотсентон Саврибегим Ёрмамадова ва Муқаддас Қурбонова дар 15 –умин Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ иштирок намуда, ба ин ҷоиза даст ёфтаанд.

Форум аз 24 то 27 август баргузор шудааст. Ихтирооти устодони Донишгоҳи миллӣ дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ва «Истифодаи хуллаҳои алюмений бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» дар нишастҳои омӯзишӣ миёни мутахассисони сатҳи байналмилалӣ баррасӣ ноил ба шоҳҷоиза ва медали тилло шуданд.

Бонувони ихтироъкор дар як чорабинии донишгоҳ бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ва ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода қадрдонӣ шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *