Рубрики Хабарҳо

Вокуниши Русия ба қатъномаи Созмони милал барои пардохти товон

Намояндаи Русия дар Созмони милал қатъномаи ин Созмон барои пардохти товон ба Укроинро талоше барои қонунӣ кардани он чизе донист, ки ба эътиқоди ӯ бо қавонини байналмилали имрӯза мухолиф аст. 

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони милал дар робита бо қатъномаи ин Созмон, ки Русияро ба пардохти ғаромат ба Укроин муваззаф мекунад гуфт, ин як иқдоми ғайриқонунӣ аст ва талоше барои қонунӣ кардани он чизе ба шумор меравад, ки ба эътиқоди ӯ бо қавонини байналмилали кунунӣ мухолифат дорад. 

Маҷмаъи умумии Созмони милал рӯзи душанбе (14 ноябр) бо 94 раъйи мусбат қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки дар он аз Укроин хоста шуда то дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо, хисороти ҷангро сабт ва мустанадот ва шавоҳидро ҷамъоварӣ кунад. 

Ин фактур ё листи хисорот қарор аст дар оянда ҳуҷҷати пардохти товон аз сӯи Русия ба Укроин бошад. 

Дар ҷараёни раъйгирӣ дар мавриди ин қатъномаи 13 кишвар нишон доданд, ки бо арзёбии Русия мувофиқанд: Чин, Эрон ва Куба ба ҳамроҳи 10 кишвари дигар. 73 кишвар ҳам аз ҷумла Ҳинд, Бразилия ва Африқои ҷанубӣ ба қатънома раъйи мусбат доданд. 

Ин қатънома ду севуми аксарияти лозим барои тасвибро ба даст овард. 

Олмон аз тасвиби қатънома истиқбол кард 

Олмон аз ҷумлаи ҳомиёни ин қатънома буд. Ин кишвар аз тасвиби ин қатънома ба унвони “гоми муҳим дар масири адолат ва ҳифзи яке аз усули асосии ҳуқуқи байналмилал” истиқбол кард. 

Олаф Скуг, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Созмони милал ҳам, ки назари аксарияти кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро бозгӯ мекунад, гуфт: “Русия бояд барои иқдомоти ғайриқонунӣ ва иқдомоти вайронгаронаи амдии худ посухгӯ бошад. Ин масъалаи калидӣ барои посдошти назми ҷаҳонӣ бар асоси қавонин аст.” 

Ин дипломати аврупоӣ таъкид кард: “масъала бар сари Ғарб алайҳи бақияи ҷаҳон нест. Масъала бар сари эҳтироми ҳамагонӣ (ҷаҳонӣ) ба сохторҳо ва қавонини байналмилалӣ аст.” 

Ин нахустин қатънома алайҳи Русия нест 

Бар хилофи қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, қатъномаҳои Маҷмаъи умумии ин Созмон аз назари ҳуқуқӣ илзомовар нестанд. 

Ин маҷмаъ ахиран дар моҳи октябр, илҳоқи бахше аз сарзаминҳои Укроин ба Русияро бар хилофи қавонини байналмилалӣ донист ва маҳкум кард. 

143 кишвар ба қатъномиа марбута раъй доданд. 

Дар моҳи март низ 141 кишвар дар маҷмаъи умумии Созмони милал аз Русия хостанд то фавран нерӯҳои худро аз Укроин хориҷ кунад. 

Намояндаи доими Укроин дар Созмони милал, дар маҷмаъи умумӣ гуфт: “аз нахустин рӯзи ҷанги таҳоҷумӣ алайҳи Укроин, Русия корхонаҳо, хонаҳои маскунӣ, мадорис, бемористонҳо, кӯдакистонҳо, пулҳо ва хиёбонҳо, роҳи оҳан ва шабакаи барқрасониро бомбаборон мекунад.” 

Сергей Кислитса сипас ба гузоришҳои мутааддид дар мавриди қатл, таҷовуз, шиканҷа, табъид ва тороҷ дар манотиқи ишғолшуда тавассути русҳо ишора кард. Намояндаи доими Укроин дар Созмони милал бо ишора ба вазифаи азими бозсозии кишвар, ки бар дӯши Укроин аст, идома дод: “ин амр аммо бидуни эҳсоси адолат барои қурбониёни ҷанги Русия, ғайримумкин аст. Замони он ки Русия барои рафтораш дар Укроин посухгӯ бошад, фиро расидааст.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *