Рубрики Хабарҳо

Иззат Амон аз таъсиси ҳизби нав хабар дод

Ҳомии ҳуқуқ ва фаъоли сиёсии муқими Русия Иззат Амон аз таъсиси як ҳизби нав хабар дод. Ӯ гуфт тасмим дорад дар ин тихоботи қарибулвуқӯъи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад. Дар ин бора ӯ дар як сӯҳбати онлайниаш дар Ютуб шоми гузашта эълом дошт.

Иззат Амон гуфт “мо бо дӯстони худ дар Маскав ва атрофи он маслаҳат крадем ва ба ҳамин хулоса омадем, ки як ҳизби сиёсиеро дар ғурбат, дар муҳоҷират бо лутфи Парвардгор таъсис диҳем. Чун ягона роҳу восита ва аҳроме, ки мо метавонем дар сиёсати кишварамон шарик бошем, ин таъсиси як ҳизби сиёсист.”

Ӯ гуфт пешниҳоди таъсиси ҳизб аз ҷониби муҳоҷирон шудааст. “Бо тамоми масъулият эълом медорам: Аз ҳамин рӯз иборат кори таъсиси ҳизб шурӯъ шуд, раванд оғоз гашт ва ҳизби сиёсиеро бо номи “Тағйирот, ислоҳот ва тараққиёт” бо инояти Худованд пешниҳоди ҷомеъа хоҳем кард. Ин ҳизб хостаҳои ду миллион муҳоҷири тоҷик дар саросари дунёст” – гуфт Иззат Амон.

Вай ҳамчунин гуфт қабл аз он ки ба таъсиси ҳизб тасмим бигирад бо муҳоҷирон дар Русия “ва ба хусу дар Аврупо” машварат кардааст. “Чун ин 28-30 сол мову шумо муҳоҷирон аз идораи давалт ва ширкат дар сиёсатҳои дохиливу хориҷии кишвари худ берун будем ва ҳеҷ таъсире надоштаем, хостем бо таъсиси як ҳизб дар тамсисгириҳои сиёсии минбаъдаи кишварамон шарик бошем. Мо ки ин 30 сол 70 дарсади буҷаи кишварро таъмин мекардем, бояд бо ваҳдату иттиҳод тағйироти куллӣ дар кишвар ба вуҷуд биёварем” – таъкид кард ин ҳомии ҳуқуқ.

Ӯ аз тамоми онҳое, ки ин тасмимашро дастгирӣ мекунанд хост зери навор ному насаб ва рақами телефонашонро нависанд. “Мо ба якояки шумо занг мезанем” – изҳор дошт вай.

Дар ҳоле Иззат Амон аз таъсиси ҳизби нав ва ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҳарф мезанад, ки тибқи қавонини Тоҷикистон дар ин интихобот танҳое онҳое метавонанд ширкат кунанд, ки 10 соли ахир дар кишвар сукунат дошта бошанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *