Рубрики Хабарҳо

Муттаҳамшавии устодони Донишкадаи исломӣ ба ришваситонӣ

Ду устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудаанд. Ин маълумотро ба хабаргузории Азия Плюс  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон таъйид кард. Намояндагони кумита гуфтаанд, ки Абдуссамад Яҳёев, декани бахши исломшиносӣ ва Наҷмиддин Самиев, масъули умури озмуни ин донишкада ба иттиҳоми дарёфти маблағи наздик ба 70 ҳазор доллар аз 22 довталаб, бидуни ширкати онон дар озмуни қабул ба донишкада, боздошт шудаанд.

Тибқи манба,  алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми дарёфти ришва ва таҳияи асноди тақаллубӣ ва муҳру имзои сохтагӣ, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш оғоз шудааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2015 бояд тамоми довталабони дохилшаванда ба донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои ин кишвар дар озмуни саросарии тестӣ ки аз сӯйи маркази тестӣ баргузор мешавад, ширкат кунанд ва танҳо бо таъйиди ин марказ афроди пазируфташуда метавонанд дар макотиби олӣ дохил ва  машғул ба таҳсил шаванд.

Аз соли 2012 дар Тоҷикистон тамоми мадрасаҳои исломӣ баста шуда ва Донишкадаи исломӣ — ягона махзани омӯзиши улуми исломии ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Ногуфта намонад, ки айни ҳол ба донишкада ва масоҷиди Тоҷикистон ходимоне роҳ меёбанд, ки фикру андешаашон ба сиёсати ҳукумати феълӣ наздик аст ва ё аз рахти кашидаи режим намебароянд. Ҳамчунин бо ин ҳаҷм маблағи ҳангуфтро то дар боло реша надошта бошад, касе ҷуръати ришваситонӣ намекунад.

Асосан, дар Тоҷикистон бо ҷурми ришваситонӣ муаллимону духтурон ва корманди оддии буҷавӣ мутаҳам мешаванд. Ин ҳам бошад, барои гузоришҳои мақомоти интизомӣ ва нишон додани фаолияти корӣ аст. Дар натиҷа ҳамин тавр чанд бечораи камдаст зиндонӣ мешавад, вале ҳамоно наҳангҳои калон дар зери баҳри фасод аз чашм ноаён мемонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *