Шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нақшаи шаҳрдорӣ ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро тасдиқ кард, ки тибқи он қарор аст 4000 иншоот дар 3 сол бунёд шавад.
Тибқи нақшаи Рустами Эмомалӣ давоми солҳои 2018-2021 бояд дар Душанбе 4 ҳазор иншооти саноатӣ, савдо, хизматрасонӣ, маориф, тиб, санъат, истироҳат ва варзиш сохта шавад.
Корхонаҳои саноатие, ки сохтанашон дар назар гирифта шудааст, асосан маҳсулоти қаннодӣ ва матоъ истеҳсол хоҳанд кард. Шаҳрдор тасмим гирифтааст, ки 17 ҳазор ҷои корӣ эҷод кунад.
Ваъдаи эҷоди садҳо ҳазор ҷои кориро ҳам қаблан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо додааст. Вале шумори ҷойҳои корӣ сол то сол камтар шуда, мутаносибан шумори муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад.
Тибқи гузориши Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон, соли 2017 дар Тоҷикистон 200 000 соҳибкор фаъолияташонро қатъ карда, аксарият ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. Аз ин шумор 50 000 нафари онҳо сокинони пойтахт ҳастанд, ки дар даврони раёсати Рустами Эмомалӣ фаъолияташонро қатъ намуданд.
Аксари соҳибкорони хурду миёна бинобар фишори аз ҳад зиёди мақомоти давлатӣ тарки фаъолият мекунанд. Аммо соҳибкорони бузург мавриди наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон қарор мегиранд.