Рубрики Хабарҳо

Иттиҳодияи Аврупо дар пайи ташкили додгоҳ барои баррасии ҷиноёти Русия дар Укроин аст

Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд талош мекунад як додгоҳи тахассусӣ таҳти ҳимояти Созмони милали муттаҳид барои таҳқиқ дар бораи ҷиноёти ҷангии эҳтимолии Русия дар ҷараёни таҳоҷуми низомӣ ба хоки Укроин ташкил диҳад. 

Урсула фон дер Ляйен, раиси комиссияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе бо баёни ин матлаб ҳамчунин таъкид кард, ки ин Иттиҳодия бо ҷомеаи байналмилалӣ барои дарёфти “густурдатарини ҳимояти байналмилалии мумкин” аз ин додгоҳ ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Хонум фон дер Ляйен дар видеое, ки дар сафҳаи твиттери худ ба иштирок гузошта афзуд, ки Иттиҳодия Аврупо ҳамчунон ба ҳимоят аз таҳқиқоти Девони кайфарии байналмилалӣ идома хоҳад дод. 

Укроин таъкид дорад, ки як додгоҳи вижа барои муҳокимаи раҳбарони низомӣ ва сиёсии Русия ташкил шавад ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз ин идея ҳимоят кардааст. 

Девони кайфарии байналмилалии мустақар дар Гаага пештар таҳқиқотеро дар хусуси куштори дастаҷамъии ғайринизомиёни укроинӣ дар ҳавмаи Киев ва ҳамчунин бомбаборони як салони театр дар Мариупол оғоз кард. Нерӯҳои Русия аз замони ҳамла ба Укроин дар 24 феврал ба анҷоми ҷиноёти ҷангии мухталиф дар Укроин муттаҳам шудаанд. Маскав аммо ҳамвора ин иттиҳомотро рад кардааст. 

Додгоҳи вижаи пешниҳодии Иттиҳодияи Аврупо ба эҳтимоли зиёд бар асоси қавонини Укроин фаъолият мекунад ва тавассути додситонҳо ва додрасҳои байналмилалӣ ташкил мешавад. Аммо мунтақидон истидлол кардаанд, ки ҳар додгоҳи тахассусии таҳти ҳимояти Созмони милал аз сӯи Русия, яке аз аъзои Созмони милали муттаҳид, вето хоҳад шуд. 

Фон дер Ляйен ҳамчунин изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад аз дороиҳои масдудшудаи Русия барои кумак ба бозсозии Укроин истифода кунад. Ў дар идома афзуд: “Русия ва олигархҳояш бояд хисоратҳои ворида ба Укроинро ҷуброн кунанд ва ҳазинаҳои бозсозии кишварро пардохт кунанд.” 

Раиси комиссияи Аврупо дар идома гуфт, ки ҳудуди 300 миллиард евро аз захоири Бонки марказии Русия ба ҳамроҳи 19 миллиард евро аз пули олигархҳои Русия тавқиф шудааст. Ин дар ҳолест, ки хисороти ворид шуда ба Укроин ҳудуди 600 миллиард евро бароварда шудааст. 

Ин раҳбари аршади аврупоӣ дар идома гуфт: “дар кӯтоҳ муддат, мо метавонем бо шарикони худ сохторе барои мудирияти ин самтҳо ва сармоягузорӣ эҷод кунем. Пас аз он мо аз он даромадҳо барои беҳбуди вазъияти Укроина истифода мекунем ва пас аз бардошта шудани таҳримҳо, Русия бояд ба пардохти комили хисоратҳои воридшуда ба Укроинро бипардозад.” 

Иттиҳодияи Аврупо эълом карда дар сурате, ки тавофуқи сулҳ байни Киев ва Маскав масъалаи ҷуброни хисоротҳо ба Укроинро ҳал кунад, Брюссел ҳам мумкин аст маҳдудиятҳо бар дороиҳои Русияро бардорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *