Ба бинои сафорати ИМА дар пойтахти Ироқ шаби 6-уми июл оташ кушода шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба расонаҳои ироқӣ хабар додааст.
Ҷангҷӯён таҳдид карда буданд, ки дар охири моҳи июн аз ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ба мавқеъҳои ҳаммарз бо Сурия интиқом мегиранд. Аз он замон ҳукумати Бағдод ин минтақаро шадидан муҳофизат мекунад.
Дар бораи талафот ва хисорот гузориш дода нашудааст.