Рубрики Хабарҳо

Таъсири 11 бастаи таҳримҳои ИА алайҳи Русия ба Осиёи Марказӣ

Ба иттилои хабаргузории РБК, ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо бастаи 11-уми таҳримҳои зидди Русияро қабул кард, ки умдатан ҷилавгирии саркашӣ аз таҳримҳои зидди Русия аст.  Аз ҷумла, Иттиҳодияи Аврупо ба нақша гирифтааст, ки интиқоли баъзе молу технологияҳоро ба кишварҳои сеюм маҳдуд кунад.

Илова бар ин, афрод ва созмонҳои нав ба рӯйхатҳои сиёҳ шомил шудаанд.

Ба гузориши ВВС, ҳоло кишварҳои ғарбӣ на танҳо дар муқобили бахшҳои иқтисоди Русия маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд, балки саъй доранд, ки бо кишварҳои сеюм музокира кунанд, ки тавассути онҳо Русия воридоти мувозӣ ва колоҳои таҳримшударо идома медиҳад.

Дар ин ҷо, на танҳо кишварҳое чун Чину Ҳиндустон дар назаранд, балки давлатҳои Осиёи Марказӣ, хусусан кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ.

 Итиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ба кишварҳои сеюм дар сурати сарпечӣ аз даст кашидани кумак ба Русия  посухи фаврӣ хоҳанд дод.

 Гузашта аз ин, дар баъзе мавридҳо кишварҳои ИА метавонанд содироти молу хидматҳоеро ба кишварҳои сеюм, ки аллакай содироти он ба Русия манъ шудаанд, аз қабили аслиҳа ва технологияҳои ҳарбӣ маҳдуд кунанд.

 Хабаргузории ВВС ҳамчунин гузориш медиҳад, ки Иттиҳодияи Урупо алакай феҳристи 87 ширкатро аз Русия ва кишварҳои севумро, ки ба Русия коло таъмин кардаанд, тартиб додааст.  Ҳанӯз маълум нест,  ба он киҳо ворид шудаанд.  Дар баёнияи матбуотӣ танҳо чаҳор ширкати тавлидкунандаи ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ зикр шудааст.

 Ба гузориши хабаргузории “Фарғона”, бо истинод ба суханони Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, Иттиҳодияи Урупо умедвор аст, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо роҳи дипломатӣ мутақоид кунад, ки ба Русия дар чапдиҳӣ аз таҳримҳо кумак накунанд.

 Дар ин бора дипломати аврупоӣ дар авоили моҳи ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ дар паи натоиҷи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Қирғизистон изҳор дошт.

 Тибқи таҳқиқоти хабаргузории BBС, бисёре аз русиягиҳо то ҳол таъсири таҳримҳоро ба далели системаи муассири воридот ва содирот тавассути кишвари сеюм ки хусусан тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом мешавад, эҳсос накардаанд. 

 Ба ин тартиб, бастаи нави таҳримҳо, зоҳиран, ба пурзӯр шудани назорат бар фаъолияти фирмаҳои хусусӣ ва давлатӣ, ки ҳоло ба содироти дубораи колоҳои мамнӯъ ба Русия машғуланд, мунҷар хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *