Рубрики Хабарҳо

Комиссияи Аврупо дар пайи маҳдудсозии муҳоҷирати ғайриқонунӣ аст

Масири Балкан аз роиҷтарин роҳҳо барои расидани паноҳҷуён ба Аврупост. Комиссияи Аврупо талош мекунад бо ҳамкории кишварҳои ҳавзаи Балкан вуруди муҳоҷиронро маҳдуд кунад. Дар ин росто ба Ожонси муҳофизати марзии Аврупо ихтиёроти бештаре вогузор мешавад. 

Истифода аз бархе роҳҳо монанди ғарби Баҳри Миёназамин барои вуруди паноҳҷуёни ғайриқонунӣ ба хоки Иттиҳодияи Аврупо камтар шуда аммо масири Балкан ҳамчунон пуртарафдор аст. 

Ялва Йоҳанссон, комиссари дохилии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, бояд барои ин масир коре кард ва ҳифозати марзиро дар тамоми тӯли роҳ афзоиш дод: “дар ин замина паймоне бо Македония ба даст омада то “Фронтекс”, Ожонси муҳофизати марзии мо дар он ҷо битавонад даст ба амалиёте бизанад.” 

Ба гуфта ӯ, ин тавофуқ ҳанӯз ба тасвиби ҳамаи парлумонҳои кишварҳои узви Иттиҳодия нарасидааст. 

Йоҳанссон бо ибрози умедворӣ барои тасвиби сареъи ин тарҳ мегӯяд: “баъд Фронтекс” метавонад дар ҳамин ҳафта дар Македонияи шимолӣ даст ба кор шавад.” 

Паймонҳои мушобеҳ бо дигар кишварҳо 

Иттиҳодияи Аврупо паймонҳои мушобеҳе бо кишварҳои Албания, Черногория ва Сербистон баста то қаламрави амалиёти Фронтекс ба тамоми чаҳор кишвари ҳавзаи Балкан густариш ёбад. 

Ба мақомҳои Фронтекс ихтиёроти густурдае дода шуда то дар он ҷо битавонанд гузаргоҳҳои марзиро контрол карда ва номҳои афродро сабт кунанд. 

Дар ин тарҳи панҷмоддаӣ ҳамчунин тақвияти ҳимоят аз раванди паноҳандагӣ, ташдиди муқобила бо қочоқчиҳои инсон ва депорти сареътар дар назар гирифта шудааст. 

Ҳамзамон комиссияи Иттиҳодияи Аврупо қасд дорад фишор бар давлатҳои ҳавзаи Балкан барои тағйири сиёсати онон дар заминаи судури раводидро беш аз пеш афзоиш диҳад. 

Тавофуқ шуда, ки Сербистон ба қарори худ бо Тунис ва Бурунди барои вуруди бидуни виза поён диҳад ва интизор меравад, ки ин сиёсат дар мавриди кишварҳое монанди Ҳинд ва Миср низ ҷорӣ шавад. 

Нишасти вузарои кишвари аъзои Иттиҳодияи Аврупо 

Ин мавзӯъ метавонад яке аз меҳварҳои баҳс ва гуфтугӯҳои нишасти олии Балкани ғарбӣ ва Иттиҳодияи Аврупо бошад, ки имрӯз сешанбе 6 декабр баргузор хоҳад шуд. 

Панҷшанбе, 8 декабр низ вузарои кишвари аъзои Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти худ ба ин мавзӯъ ва ҳамчунин тарҳе барои масири Мидитаронаи марказӣ хоҳанд пардохт. 

Ялва Йоҳанссон, комиссари дохилии Иттиҳодияи Аврупо хурсанд аз ин, ки гуфтугӯҳо саранҷом дар “масири хуб” афтода пешрафтҳои ба даст омада дар соли ҷориро дилгармкунанда мехонад. 

Ӯ мегӯяд: “дар ҳоли ҳозир музокироте барои як механизми ҳамбастагӣ ҷиҳати тақсими паноҳҷуён дар ҷараён аст. Суид мехоҳад аз моҳи январ, баъд аз ба даст гирифтани раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупо ин мавзӯъро пай бигирад то дар давраи раёсати ин кишвар пешрафтҳои баъдӣ ҳосил шавад.”

Ба далели раванди афзоиши шумори паноҳҷуён масъалаи муҳоҷират дар комиссияи Аврупо ҷиддитар шудааст. Ҳадаф он аст, ки то поёни соли 2024 бастаи муқаррароти паноҳҷӯӣ ва муҳоҷират, ки ду сол аст бар рӯйи миз қарор дорад ба иҷро расад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *