Рубрики Хабарҳо

Ҳадафҳои стратегӣ ва саноатикунонии кишвар дар оинаи воқеият

Ҳукумати кишвар ҳамеша иддао мекунад, ки барои рушди саноати кишвар ҳама тадбирҳои заруриро меандешад ва саноатикунонии кишвар амалан дуруст ба роҳ монда шудааст. Ҳамчу далели ин гуфтаҳо, дар ҳар ҷаласаи ҳукумат таъкид мешавад, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо корхонаҳои саноатии нав кушода мешаванд. 

Бинобар ин, дар кишвар се маротиба маъракаи бузурги саноатикунонӣ эълон карда шуд ва илова бар он, ду сол қабл “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025″ тасвиб шуд ва онро ҳадафи чоруми стратегии кишвар ҳам номиданд.

Агар ин ҳадафи чоруми стратегӣ бошад, се ҳадафи дигар кадом буданд? Оё ин се ҳадафи стратегӣ амалӣ шуданд, ки мо акнун метавонем ба ҳадафи чорум гузарем?

Ҳоло назар кунем ба ин ҳадафҳо ва то кадом дараҷа онҳо амалӣ шудаанд:

Ҳадафи якуми стратегӣ: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ 

Масъалаи бебарқ мондани аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон муддати сӣ сол — дақиқан баробар ба муддати роҳбарии “пешво” — яке аз доғтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад. Сӣ сол мешавад худи раисҷумҳур ваъда медиҳад, вале ҳатто имрӯзҳо дар кишвар “лимит” ҷорӣ мешавад ва мардум дар торикӣ умр ба сар мебаранд. 

24 октябри соли 2022  раисҷумҳури Тоҷикистон зимни дидораш аз НОБ “Норак” эътироф кард, ки дар кишвар маҳдудияти барқрасонӣ вуҷуд дорад, аммо гуфт он муваққатист. Ҳоҷат ба гуфтан нест, ки ин ҳадафи стратегӣ амалӣ нашудааст. 

Ҳадафи дуввум: Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Мақомоти кишвар дар бораи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ солҳост, ки ҷор мезананду оид ба сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ваъдаҳои осмонӣ медиҳанд. Тибқи нақша, ҷумҳурӣ бо ин роҳ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба минтақаи транзитӣ мубаддал мегардад.

 Вале то имрӯз дастовардҳо дар ин ҷода сохтмони роҳи Душанбе-Чаноқ, ки бо арзиши гарони худ ба сари мардум танҳо мушкилиҳои бештаре овард, ва роҳи “стратегии” Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма маҳдуд мешаванд, ки ҳарду бо пули Чин сохта шудаанд. Ҷуз ин ду роҳ кори назаррасе анҷом дода нашудааст. Сохтмони ду-се пул ва асфалтпӯш кардани як-ду роҳро зикр намекунем, зеро он корҳои ҳаррӯзаи ободонӣ ба ҳисоб меравад, ки давлат вазифадор аст дар ҳар сурат иҷро кунад, хоҳ ҳадафи стратегӣ бошаду хоҳ на. Дар ҳамин ҳол, ниме аз ноҳияҳои кишвар бинобар валангор будани роҳҳо амалан дар бунбасти комуникатсионӣ қарор доранд. Ба унвони мисол роҳҳои Ашт ва Ғончиро овард, ки аслан ҳеҷ шабоҳате ба роҳ надоранд. Сокинони Ашт роҳеро, ки қаблан дар як соат тай мекарданд, ҳоло дар се соат тай мекунанд. Бинобар вайронии роҳҳо рушди иқтисодӣ дар ин гуна навоҳӣ хеле кундтар шудаанд. 

Ҳадафи севум: Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Барои расидан ба ин ҳадаф ҳукумат такя ба “рушди соҳаи кишоварзӣ” кардааст. Шояд, баҳсбаренгезтарин “дастур”-и раисҷумҳур дар ин маврид он бошад, ки гуфта буд “ҳар як оила бояд барои ду сол маҳсулоти хӯроквориро дар хонаҳояшон захира намоянд”. Ин “дастур”, ки танҳо боиси хандаи мардум шудааст, амалан иҷронашаванда мебошад. Соҳаи кишоварзии кишвар низ дар ҳолати хароб қарор дорад ва ҳатто наметавонад аҳолии кишварро бо асоситарин маҳсулоти кишоварзӣ — гандум таъмин кунад. Ин аст, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудуди 800-900 ҳазор тонна гандум истеҳсол мешавад, вале талаботи аҳолӣ тақрибан 1,9-2 миллион тонна аст. Бинобар ин, солона зиёда аз 1 миллион тонна гандум аз дигар кишварҳо ворид мешавад. Аммо агар дасткории ҳамешагии мақомот дар оморҳоро ба назар гирем, шояд истеҳсоли гандум дар кишвар ними оне бошад, ки мақомот иддао доранд. Яъне амалан кишвар 75 дарсади гандумашро аз хориҷ ворид мекунад ва сахт ниёз ба воридот дорад.

Дар радабандии Шохиси амнияти озуқавории ҷаҳонӣ (Global Food Security Index), ки аз тарафи маркази таҳлилии Economist Impact ва бо дастгирии ширкати ҷаҳонии кишоварзии Corteva Agriscience таҳия мешавад, дар он кишварҳои дунё аз рӯи 58 нишондиҳанда дар соҳаи амнияти озуқаворӣ таҳлил мешаванд, Тоҷикистон дар ҷои 75-ум байни 113 кишвар қарор гирифтааст. Дар радабандӣ Тоҷикистон байни кишварҳое қарор дорад, ки ба ноамнии озуқаворӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. 

Ҳамчунин, тибқи ин таҳлил, 8,6 дарсади аҳолии кишвар ба норасоии озуқаворӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. 15,3 дарсади кӯдакон аз сабаби норасоии озуқаворӣ бо мушкилии қадпастӣ ва 7,6 дарсади кӯдакон бо мушкилии камвазнӣ рӯ ба рӯ шудаанд. 

Оҷонсии давлатии амрикоии USAID қайд кардааст, ки “Тоҷикистон дар баробари амнияти озуқаворӣ хеле осебпазир аст, зеро беш аз 27 дарсади аҳолӣ бо камтар аз 1,90 доллар дар як рӯз зиндагӣ мекунанд”. Ба гуфтаи ин ниҳод, тахминан 3,3 миллион нафар ё сеяки аҳолии Тоҷикистон ба ноамнии озуқаворӣ рӯ ба рӯ буда, 1,6 миллион нафари онҳо ба таври ҷиддӣ аз ноамнии озуқаворӣ азият мекашанд.  Бахши кишоварзии Тоҷикистон 22,6 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад, вале 45,7 дарсади аҳолӣ дар ин соҳа бо кор таъмин шудаанд. 

Ин нишондиҳандаҳои созмонҳои мӯътабари ҷаҳонӣ таъкид мекунанд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар таъмин кардани амнияти озуқаворӣ низ ноком шудааст ва ин ҳадафи стратегӣ танҳо дар қоғаз боқӣ мондааст.

Ҳадафи чоруми стратегӣ дар кадом ҳолат аст?

Дар ҳоле ки се ҳадафи стратегии кишвар амалӣ нашудааст ва он танҳо шиорпартоие беш набудааст, ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии  босуръати кишвар чӣ гуна иҷро мешавад?

Барои саноатикунонии кишвар зарур аст, ки корхонаҳои саноатӣ, заводу фабрикаҳо сохта шаванд ва маҳсулоти саноатӣ бештар истеҳсол шавад. Аз иддаои ҳукумат ва бахусус “пешво” бармеояд, ки саноатикунонии кишвар босуръат амалӣ мешавад. Тавре раисҷумҳур дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2023 иддао кард, соли гузашта, яъне 2022 “дар доираи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар зиёда аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 43 миллиард сомонӣ расонида шуд”.

500 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ адади каме нест, хусусан бо назардошти он, ки дар давраи авҷи аълои рушди саноат, дар давраи охири Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне солҳои 1990, ҶШС Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои саноатӣ – аграрӣ табдил ёфта буд ва дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд буд, шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 2308 адад мерасид. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аксарияти онҳо аз фаъолият монданд ва ё фаъолияти худро кам карданд.

Бо вуҷуди он, ки давоми 25-30 сол солона ҳукумати кишвар оид ба фаъол шудани даҳҳо ва ҳатто садҳо корхонаҳои саноатӣ ҳисобот медиҳад, вале адади умумии чунин корхонаҳо ҳеҷ гоҳ аз 2000 то 2100 корхона зиёд нашудааст. Сабабаш ҳам он аст, ки солона садҳо корхонаҳои “саноатӣ” аз кор мемонанд, вале “пешво” дар паёмаш ҳеҷ гоҳ чунин маълумотро ба мардум зикр намекунад. Вагарна бо чунин сатҳи афзоиши солонаи корхонаҳои саноатӣ, теъдоди онҳо бояд дар давоми сӣ сол ба даҳҳо ҳазор мерасид. 

Ин рафтори раисҷумҳуру ҳукумат латифаеро ба хотир меорад: Марде рӯзнома мехонд, чизеро, ки ба назараш аҷиб намуд, мулоҳиза карду гуфт: “Чаро рӯзноманигорон ҳамеша як хаторо такрор мекунанд? Ҳамеша дар бораи марги шахсиятҳои бузург менависанд, вале ягон маротиба дар бораи таваллудашон хабар намедиҳанд?”

Раисҷумҳури Тоҷикистон бошад, баръакси ин латифа амал мекунад: дар бораи “таваллуди” корхонаҳои саноатӣ ҳамеша лоф мезанад, вале ҳеҷ гоҳ дар бораи “марги” онҳо чизе намегӯяд.

Сабаби “марги” корхонаҳои саноатӣ низ ба касе пӯшида нест. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон онро ба омилҳои гуногун рабт медиҳад, аз ҷумла камбуди ашёи хом, воситаҳои гардиш, анҷоми муҳлати иҷозатнома, корҳои мавсимӣ, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолшуда, тағйирёбии самти кор, баҳсҳои амволӣ ва ғайра.

Вале сабабҳои аслии “марги” корхонаҳои саноатӣ монополӣ шудани соҳаҳои иқтисод аз ширкатҳои ба Оила наздик, фасодзадагии мақомоти андоз, чашмгуруснагии мақомоти қудратӣ, ки зӯран барои соҳибкорон “криша” мешаванд, баланд будани андозу боҷҳои давлатӣ, ғасби бизнесҳои бузург аз тарафи аъзои Оила ва набудани мутахассисон, аз қабили муҳандисон, технологҳо ва ғайра мебошанд.

Тавре расонаҳои давлатӣ хабар додаанд, “иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар соли 2022 ба 43 миллиард сомонӣ мусоидат карданд”. Яъне пас аз сӣ сол иддаои рушди саноату иқтисоди миллӣ, аз ҷумла пас аз се соли амалӣ шудани барномаи саноатикунонии босуръати кишвар, ҳачми умумии истеҳсолоти саноатии як кишвар ба 43 миллиард сомонӣ, ё ҳудуди 4,2 миллиард доллар баробар шудааст. Ин нишондиҳанда на танҳо барои як кишвар, балки барои як ширкат дар сатҳи ҷаҳонӣ ниҳоят кам аст. Барои мисол, ширкати автомобилбарории ӯзбекистонии UzAuto Motors соли 2022 дар ҳаҷми 3,5 миллиард доллар истеҳсол кардааст, ки қариб баробари тамоми маҳсулоти саноатии кишвари Тоҷикистон аст. Ширкати автомобилбарории олмонии Opel бошад, 12,5 миллиард доллар, яъне чор маротиба бештар аз Тоҷикистон истеҳсол кардааст.

Агар ҳатто пас аз амалӣ кардани барномаи саноатиконӣ Тоҷикистон иқтидораш камтар аз яке аз ширкати саноатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бошад, пас ояндаи саноати кишварро чӣ интизор аст?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *