Неруҳои Амалиёти Махсуси Укроин хабар додаанд, ки дар лаҳзаи ба киштии десантбари “Минск” дар ду ҳафтаи қабл, дар он персонали ин киштӣ ҳузур дошт, чун қарор буд фардояш ба баҳр барояд.
Дар натиҷаи зарбаи мушакии нерӯҳои укроинӣ ба ин киштӣ, шумори ҷонбохтаҳои неруҳои истилогари рус 62 нафарро ташкил додааст.
Ҳамчунин дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои укроинӣ ба ситоди Новгони (флоти) Баҳри Сиёҳ, ки се рӯз қабл, нимарӯзии 22 сентябр иттифоқ афтод, 34 низомии рус кушта ва 105 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин манбаъ аз кушта шудани фармондеҳи Новгони Баҳри Сиёҳ адмирал Виктор Соколов хабар медиҳад.
Гуфта мешавад Соколов унвони адмиралро 6 июни соли ҷорӣ ба даст оварда буд. Ҳамин тавр, ӯ олирутбатарин афсари рус аст, ки дар Укроин кушта шуд.