Рубрики Хабарҳо

Ҳувияти ҳамлагари Маскав ошкор шуд

Ҳувияти ҳамлагари Маскав ошкор шуд. Ҳамлагари ФСБ дар кӯчаи Лубянка – маркази шаҳри Маскав, сокини 39-солаи вилояти Маскав, Евгений Манюров будааст

Зимни ҳамла мард дар даст карабини “Сайка” ва корд доштааст. Маълум шудааст, ки ӯ бо силоҳи оташфишон сару кор доштааст

Тавре шабакаи телевизионии РЕН ТВ хабар медиҳад, ин мард корфармо будааст. Манюров дар собиқ  маркази машваратӣ барои соҳибкорон доштааст. Аммо бо сабабҳои номаълум соли 2015 қатъ шудааст.

Ҳамчунин маълум шудааст, ки ин мард бо аслиҳабозӣ маъруф будааст ва ҳатто дар озмунҳои гуногун ширкат кардааст.

Соли гузашта ӯ дар озмуни тирпарронии ДОСААФ дар Маскав мақоми сеюмро гирифта буд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ ҳадафи ҳамла иғвоандозӣ миёни мардум дар замони суҳбати мустақими президенти Русия Владимир Путин будааст.

Ёдовар мешавем, ки Шаби гузашта ба бинои Хадамоти амнияти миллии Русия дар маркази шаҳри Маскав ҳамла сурат гирифт.

Дар ҷараёни тирпаррониҳо як корманди амниятӣ кушта ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шахси ҳамлагар ба ҳалокат расидааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *