Рубрики Хабарҳо

59 кушта ва 117 захмӣ дар паи ҳамла ба коллеҷи ҳарбӣ

Дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи террористӣ ба коллеҷи пулиси Балуҷистони Покистон 48 нафар куштаву 117 нафар захм бардоштанд, ки то имрӯз шумори ҷонбохтагон ба 59 нафар расидааст.

Ин гурӯҳи мусаллаҳ, ки аз 5 ё 6 нафар иборат будааст ва ҳанӯз ҳайсияташон маълум нашудааст ба коллеҷи ҳарбие, ки дар 20 километрии шаҳри Кветта қарор дорад, ҳуҷум бурда беш аз 500 нафарро асир гирифтаанд, ки баъдан ба 200 нафари онҳо муяссар шудааст фирор кунанд. Аз тарафи пулис ва ҳарбиёни Покистон амалиёти наҷотдиҳии асирон гузаронида шудааст, ки ба марги қариб 50 донишҷӯ итмом ёфтааст.

Тибқи иттилои пулиси шаҳри Кветта, ҳамаи кушташудагон донишҷӯёни коллеҷ будаанд. Сабаби қурбонии зиёдро дар он медонанд, ки ду нафар ҳуҷумкунандаҳо худро дар дохили коллеҷ таркондаанд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале мақомоти Покистон тахмин мезананд, ки шояд ҳамлагарон аъзои гурӯҳи “Лашкари ҷангвӣ” бошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *