Раисҷумҳури Туркия дар мақолае дар рӯзномаи Вашингтон пост, охирин вазъият ва мавозеъи Туркия дар қиболи парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷиро эълом кард.
Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия тайи ёддоште барои рӯзномаи Вашингтон пост, ки бо унвони «Суолоте, ки Арабистон ҳанӯз бояд дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ посух диҳад» мунташир шуда, ба тарҳи мавзеъи Туркия пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ пардохтааст.
Дар ёддошти Урдуғон омадааст: «дар як моҳи ахир тамоми имконоти худро барои равшан шудани вазъияти ин парванда ба кор гирифтаем ва дар натиҷаи талошҳои Туркия, тамоми ҷаҳон аз қатли хунсардонаи Ҷамол Хошуқҷӣ, ки тавассути як тими қатл анҷом гирифт, матлаъ шуд.
Посухи саволоте монанди ин ки ҷанозаи Хошуқҷӣ куҷост ва чӣ касе дастури қатли вайро додааст, ҳанӯз боқист. Мутаассифона, тарафи Саудӣ аз посух ба инҳо шона холӣ мекунад.
Шавоҳидеро, ки дар дасти мо ҳаст дар ихтиёри тамоми кишварҳои дӯст ва муттаҳид аз ҷумла Амрико қарор додаем. Ба хубӣ медонем, ки дастури қатли Ҷамол Хошуқҷӣ аз сӯи олитарин мақомоти ҳукумати Арабистони Саудӣ содир шудааст ва омилони қатли Хошуқҷӣ дар миёни 18 нафаре ҳастанд, ки дар Арабистони Саудӣ дастгир шуданд. Қатъан бовар кардани ин мавзӯъ, ки дастури қатли Ҷамол Хошуқчиро ходими ҳарамайни шарифайн малик Салмон дода бошад, барои ман ғайр мумкин аст.
Талошҳои мақомоти саудӣ барои сарпӯш гузоштан ба қатли барномарезишудаи Хошуқҷӣ ба ҷойи пайгирии адолат, таассуфовар аст.
Равобити дӯстии деринаи мо бо Риёз, ба маънои нодида гирифтани ин ҷинояти барномарезишуда, ки дар муқобили чашмонамон сурат гирифта, нест.
Пас аз ин ҳеҷ кас набояд ба худаш ҷуръат диҳад, ки дар хоки як кишвари узви НАТО чунин ҷурмеро муртакиб шавад. Дар ғайри ин сурат авоқиби ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт».
Раисҷумҳури Туркия дар ҳоле аз вокуниши тунди Туркия барои ҷиноят дар хокаш ҳарф мезанад, ки омилон ва фармоишгарони қатли Умаралӣ Қувватов дар Истамбул то ҳанӯз эълон нашудаанд.