10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Баёнияи ҲНИТ оиди бадтар шудани вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар соли гузашта

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз поймол кардани Созишномаи Сулҳ, мамнуъияти ҲНИТ ва ба зиндон андохтани бештар аз сад масъулу аъзои фаъоли он дар соли 2015, сиёсати саркубгароёнаи худро дар соли 2016 низ идома дода, қадамҳои бештаре ба самти ҷорӣ кардани як низоми диктотурии мутлақ гузошт. Ба чораҳои сиёсӣ ва амниятӣ иктифо накарда, соли 2016 бо ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон ба Конститутсияи кишвар тағйирот ворид карда шуд, ки бар хилофи ҳама меъёрҳои демократӣ, ба ӯ имкони роҳбарии кишвар то охири ҳаётро медиҳад. Инчунин, ин тағйирот Президент ва наздикони ӯро аз ҳама таъқиботи қонунӣ истисно месозад, ки ин худ роҳро барои содир намудани ҷиноятҳои навбатӣ аз тарафи ӯву наздиконаш боз менамояд. Илова бар ин, бо поин овардани синни номзадӣ ба мақоми Президент, шароитро барои президент шудани писари бузурги худ ва меросӣ кардани қудрат низ маҳайё кард.

Инчунин, дар соли 2016 Қонуни ҶТ »Дар бораи пешвои миллат» қабул гашт, ки ба Президенти амалкунанда салоҳиятҳо ва имтиёзҳои бештаре медиҳад ва амалан, кишварро бо тамоми сохторҳо ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ихтиёри як нафар қарор медиҳад.

Вазъи расонаҳои мустақилли кишвар дар соли гузашта аз қабл бадтар гашта, дар баробари шадидтар шудани ҳолатҳои худсензурӣ, чанд расонаи мустақил таҳти фишори мақомот аз фаъолият бозмонданд. Аз ҷумла, ҳафтаномаи мустақили »НИГОҲ» ва баъдан, хабаргузории »ТОҶНЮС» фаъоляити худро қатъ карданд. Чуноне, ки масъулини ин расонаҳо эълон карданд, сабаби аслии ин набудани фазои озоди корӣ ва тоб наовардан ба фишори мақомот будааст.

Соли 2016 фишор болои фаъъолони сиёсӣ дар хориҷ ва хонаводаҳои онҳо идома ёфта, нимсолаи дуюм бештар гашт. Ба хусус, пас аз чорабинии САҲА дар Варшава дар моҳи сентябри 2016, ки шуморе аз фаъолони сиёсии Тоҷикистон ҳузур доштанд, наздикони ҳамаи ширкаткунандагони ин чорабинӣ мавриди таъқибу фишор қарор гирифтанд.

Моҳҳои охири соли 2016 ва моҳи аввали 2017 низ нишон дод, ки мақомоти Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи худ даст кашиданӣ нестанд ва новобаста аз нигарониҳои батакрори созмонҳои байналмилалии бонуфуз ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, фишорҳои худро идома доданд. Аз ҷумла:

⁃ 6-уми декабри 2016 Қудрат Ойеви 75 — сола ба хотири фаъолиятҳои сиёсии наберааш Вайсиддин Одинаев мавриди бозҷуйӣ қарор гирифт ва ба ӯ ҳушдор доданд, ки дар сурати идомаи фаъолияти наздиконаш, фишори бештар болояш хоҳад омад;

⁃ 29 ва 30-юми декабри 2016 се бародари рӯзноманигори мустақил Амруллоҳи Низом ба мақомоти қудратӣ давъват шуданд ва онҳо ба хотири фаъолияти расонаии бародарашон дар хориҷ, мавриди фишори ҷисмонӣ ва равонӣ қарор гирифтанд;

⁃ Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон Раҳматтулоҳи Раҷабро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ба муддати 28 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, моҳи декабр ба хотири фаъолиятҳои рӯзноманигории писараш Шуҳрати Раҳматулло, барои як ҳафта дар утоқи инфиродӣ бо маҳрум намудан аз ғизо ва латукуби шадид нигаҳ доштанд. Ва ба рӯзноманигор Шуҳрати Раҳматулло паём фиристоданд, ки танҳо пас аз қатъи фаъолияти расонаиаш падарашро аз шиканҷа раҳо хоҳанд кард;

⁃ 4-уми январи 2017 Зубайдуллоҳ Комилови 38-сола, бародари фаъоли сиёсӣ Ҷаннатуллоҳи Комил (муқими Олмон) дар зодгоҳаш — ҷамоати Себистони н. Данғара, боздошт шуд ва мавриди шиканҷаву фишор қарор гирифт. Мақомот аз ӯ тақозо намуданд, ки барои қатъи фаъолияти сиёсии бародараш дар хориҷ таъсир бирасонад, дар сурати ғайр, чораҳои дигар нисбати ҳамаи аҳли хонавода хоҳанд дид;

⁃ 4-уми декабри 2016, афроди номаълум санги мазори Изатуллоҳ Қувватов, падари марҳум Умаралӣ Қувватов, муассиси “Гурӯҳи 24”-ро, ки воқеъ дар оромгоҳи маҳаллаи “базаи 3-юм”-и Душанбе аст, шикаста, дарахти сари қабри ӯро кандаву оташ задаанд. Ин ҳам, пас аз эътирози чанд тан аз фаъолони ин гурӯҳ дар шаҳри Прага ҳамзамон бо сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар рух дод;

— Пас аз фишору таъқиби зиёд болои хонаводаи Илҳомҷон Ёқубов, фаъоли сиёсӣ ва узви ҲНИТ, аксари наздикони ӯ маҷбур ба ҳиҷрат шуданд. Аммо, бо ин иктифо накарда, ахиран таҳдиди қатл ба худи Илҳомҷон Ёқубов сурат гирифт ва ашхоси номаълум тариқи паёмак ӯро таҳдид намуданд, ки ҳатто дар Аврупо ҳам имкони нобуд кардани ӯро доранд;

— Фишору таъзиб ва шиканҷа кардани маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои кишвар дар моҳҳои ахир ба шиддат афзуда, онҳо  рӯзона то 10 маротиба бозҷӯӣ ва дар ин рӯзҳои сарди замистон ҳудуди 10—12 соат дар майдону ҳавои сард нигаҳдорӣ мешаванд. Бахусус, Абдусаттор Каримов, Заид Саидов ва Маҳмадалӣ Ҳаитро ба туҳматҳои дурӯғин чанд бор ба салулҳои инфиродӣ ҳамчун ҷазо ва фишори равонӣ фиристода шуданд;

— Ҳамчунин, дар ҳаққи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар, меъёрҳои қонуни афв татбиқ нашуд, ки ин амали мақомот бори дигар нишон дод, ки дар Тоҷикистон волоияти қонун вуҷуд надорад ва мухолифони ҳукумат аз камтарин ҳуқуқу имтиёзҳои шаҳрвандӣ бархурдор нестанд;

⁃ Вақтҳои охир мақомоти Тоҷикистон роҳҳои нави фишору таъқиби шаҳрвандонро ба хотири тарс додан ва тамаъҷуйӣ истифода менамоянд. Ҳамчунин, мавориди гирифтани паспортҳои фаъолони сиёсӣ ва хонаводаҳои онҳо тавассути мақомот афзоиш ёфтааст.

— Моҳҳои охир ҳолатҳои боздошт намудани шаҳрвандон бо баҳонаи собиқ узви ин ё он ҳизбу ҳаракати оппозитсионӣ будан зиёд гаштааст. Аз ҷумла, моҳи январи 2017 панҷ нафар аз собиқ аъзои ҲНИТ дар н. Ашти вилояти Суғд аз тарафи мақомоти ин ноҳия боздошт шуданд ва бо туҳмати идомаи фаъолияти сиёсӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтанд. Дар сурате, ки роҳбарияти ҲНИТ соли 2015 эълон намуда буд, ки фаъолияти худро дар ҳудуди кившар қатъ намудааст ва касе ҳақ надорад аз номи ҳизб ва барои ҳизб онҷо фаъолият намояд.

Бо сабаби гурез аз фишори бештари мақомот, бисёре аз шаҳрвандон ҳолатҳои поймолкунии ҳуқуқ, шиканҷа ва ҷиноятҳои зидибашарии мақомотро ошкор намекунанд ва ё хоҳиш мекунанд, ки расонаӣ нашавад.

Бо он, ки  маълумотҳои мавҷуда ба маротиб бештар аз ҳолатҳои зикршуда мебошанд, Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ раванди маҳдудшавии озодиҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва сухан, инчунин, помолшавии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро рӯ ба афзоиш меҳисобад. Бо вуҷуди он, ки чанде аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мавзуъи бадшавии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро пайваста матраҳ мекунанд, дар умум ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати мусибатҳои миллати тоҷик бетафовутӣ ва бетаваҷҷуҳӣ нишон медиҳад. Ин ҳолат, аз як тараф ҳукумати ҶТ-ро ба содир намудани ҷиноятҳои нав алайҳи шаҳрвандони худ ташвиқ мекунад ва аз тарафи дигар, ноумедии ҷомеа аз нокоромадии василаҳои қонунӣ ва сулҳомез барои тағйиротро бештар намуда, мардумро ба самти ифротгароӣ мекашонад.

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ

01.02.2017

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *