Тоҷикистон ва Ҳинд дар мавриди истифода аз механизми муомилоти тиҷории рупии ҳиндӣ музокира мекунанд.
Ин механизм имкон медиҳад, ки барои муомилоти байналмилалӣ ба ҷои доллар ва дигар асъори ҷаҳонӣ аз рупия истифода шавад.
Тибқи гузориши Reuters ба ин гуна музокирот ба ҷуз аз Тоҷикистон, Куба, Люксембург Судон, Маврикий ва Шри-Ланка низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Бонки захиравии Ҳиндустон (RBI) дар моҳи июли соли ҷорӣ як муассисаи ҳисоббаробаркунии савдои рупияи Ҳиндустонро ба кор андохтааст.
Дар хабар омадааст, ҳукумати Ҳиндустон кӯшиш мекунад, ки кишварҳои камбизоатро ба механизм ворид кунад.
Дар бораи муомилоти тиҷории рупии ҳиндӣ аз гуфтушунидҳо оид ба истифодаи ин механизм бо шарикони бузурги тиҷоратии Ҳиндустон, аз ҷумла таъминкунандагони асосии нафт – Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб сухан меравад.
Бино ба иттилоъи идораи омори Тоҷикистон, табодули колои дуҷониба бо Ҳинд дар 11 моҳи соли ҷорӣ 113 миллион долларро ташкил дод, ки 1,7 дарсади ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣро ташкил медиҳад. Саҳми воридоти молу маҳсулот аз Ҳиндустон дар ҳаҷми умумии муомилоти моли Тоҷикистону Ҳиндустон 99,9 фоизро ташкил медиҳад.