Мақомоти вилояти Суғд дар ҷаласае вобаста ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ таъкид намуданд, ки вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ дар вилоят рӯ ба беҳбуди овардааст
Ахиран дар Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд дар бораи беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ мақомоти вилояти Суғд эълон кард, ки зиёда аз 140 лоиҳаҳои инвестисионӣ ба мабалғи умумии зиёда аз 4 миллиарду 900 миллион доллар ба Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 ворид карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Мақомоти Суғд хабар додааст, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти вилояти Суғд ба маблағи 268 миллиону 200 ҳазор доллар ҷалб карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 103,6%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар вилояти Суғд аз рӯи ҳисоботи Раёсати андози вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ аз аввали бақайдгирӣ 112 ҳазору 341 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд 17 ҳазору 805 нафарро ташкил дода, шумораи субъектоне, ки тибқи Шаҳодатнома фаъолият мебаранд дар давраи ҳисоботи 77 ҳазору 856 адад ва бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус 16 ҳазору 680 нафарро ташкил додааст.