Рубрики Хабарҳо

Туркия ва Аврупо бар сари тавофуқномаи паноҳҷӯӣ дубора музокира мекунанд

Туркия ва иттиҳодияи Аврупо қасд доранд бар сари тавофуқномаи паноҳҷӯӣ соли 2016 дубора музокира кунанд. Қарор аст сарони Олмон, Фаронса ва Бритониё ба зудӣ бо Урдуғон дар Истамбул мулоқот кунанд. Туркия марзҳои худ ба Аврупоро барои паноҳҷуён кушод. 

Муборизаи душворе байни Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия барои ҳифзи тавофуқномаи паноҳҷӯии 18 марти 2016 оғоз шудааст. Як рӯз пас аз он ки Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, дар мавриди “тавофуқномаи шиканандаи паноҳҷӯӣ”-и Туркия ва Иттиҳодия Аврупо бо мацомоти Иттиҳодияи Аврупо, дар Брюссел гуфтугӯ кард, лаҳни мақомот ва дархостҳои Туркия тағйири чандоне накард ва мақомоти ин кишвар бар фишор ба Иттиҳодияи Аврупо афзуданд. 

Иброҳим Колин, сухангӯи ниҳоди риёсатҷумҳури Туркия, дар твиттери худ эълом кард, ки Туркия бо тааҳҳуд ба тавофуқномаи 18 марти 2016 монеъи густариши буҳрон муҳоҷират шудааст. Ӯ дар твитте таъкид кард: “Агар иттиҳодияи Аврупо масъулияти худ дар қиболи ин тавофуқномаро иҷро кунад, мумкин аст сафҳаи ҷадиде дар равобити ин ниҳод бо Туркия кушода шавад.” 

Мавлуд Човушоғлу, вазири хориҷаи Туркия ҳам дар мусоҳиба бо хабаргузории Анатолу гуфт Туркия интизор дорад иттиҳодия Аврупо рафтори ҷиддӣ дошта бошад. Ў рафтори Юнон ва кишварҳои аврупоӣ бо муҳоҷиронро “асафнок” хонд ва хитоб ба ин кишварҳо гуфт: “Ҳам мегӯед муҳоҷирон аз Идлиб наёянд ва ҳам аз зиндагии ин инсонҳо дар ин ҷо ҳимоят намекунед. Имрӯз ниёзи муҳоҷирон бо соли 2016 мутафовит аст, бинобарин бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи он чи дар заминаи шароити ҷадид метавонем анҷом диҳем, сӯҳбат хоҳем кард.” 

Човушоғлу афзуд Иттиҳодияи Аврупо натавонистааст тааҳҳудоти молии худро дар иртибот бо паноҳҷуён бароварда кунад. Дар сол 2016 Иттиҳодия Аврупо ба Туркия тааҳҳуд дод , ки шаш миллиард евро барои маскан ва муроқибат аз паноҳҷуёни сурӣ бипардозад. Урдуғон ҳам Иттиҳодия Аврупоро муттаҳам кард, ки маблағи ваъда додашударо пардохт накардааст. Иттиҳодия Аврупо аммо ин иттиҳомотро рад мекунад. 

Човушоғлу дар қисмати дигаре аз сӯҳбатҳои худ бо Анатолу гуфт: “дар як баррасии созанда, тавофуқнома бояд бо охирин таҳаввулот созгор бошад ва ба ҳамин хотир Туркия омодааст тавофуқномаи сол 2016-ро бо таваҷҷӯҳ ба авзоъ феълии Сурия барӯз кунад.” 

Човушоғлу ба вазъияти паноҳҷуён дар Идлиб ишора мекунад, ки ба марзҳои Туркия ҳуҷум овардаанд. Пас аз чанд ҳафтаи набард дар Идлиби Сурия ва овора шудани як миллиону 500 ҳазор паноҳҷӯ ва ҳаракати онон ба самти марзҳои Туркия Урдуғон ва Владимир Путин, руасои ҷумҳура Туркия ва Русия, бар сари оташбаси Идлиб тавофуқ карданд. 

Ба думболи он Урдуғон барои ҷалби пуштибонии ҳампаймонон худ дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе нӯҳум феврал ба Брюссел сафар кард. Раисҷумҳури Туркия дар ин сафар гуфт, ки НАТО зимни ҳамбстагӣ бо Туркия бояд аз иқдомоти низомии ин кишвар дар Идлиб ҳимоят кунад. Урдуғон аз кишварҳои аврупоӣ ҳам хост, ки дар муқобил «ҷанг ва трагедии инсонии Сурия бетафовут набошанд». 

Урдуғон дар Брюссел ҳамчунин гуфт кишвараш бори сангин паноҳҷӯиро бидуни кӯмакҳои изофии Иттиҳодия Аврупо наметавонд ба танҳоӣ таҳаммул кунад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *