Рубрики Хабарҳо

“Саъдӣ командир”-ро кӣ кушт?

Ҷасади Саъдӣ Холмуродов, мулаққаб ба Саъдӣ командир, ки рӯзи 15 декабр нопадид шуда буд, дирӯз 6-уми январ дар якунимҳазорметрии боғаш дар деҳаи Чавгоник пайдо шуд. Мақомот ҳанӯз натиҷаи ташхис ва саббаи марги ӯро эълон накардаанд, вале чанд далел гумони кушта шуани ӯро бештар мекунад.

Саъдӣ Холмуродов аз қумондонҳои бебок ва саркаши Фронти халқӣ буда, ки тибқи гуфтаи огоҳон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон авоили расиданаш ба қудрат ва ӯ ва Ёқуб Салимов ҳарос доштааст. Дертар ӯ аз қудрат ва мақомоти интизомӣ, ки онҷо фаъолият мекард низ канор зада шуд ва ба боғбонӣ машғул гардид. Ӯ дар мавзеъи Чавгоник, наздикии нерӯгоҳи обии Бойғозӣ боғе бунёд намудаву ба парвариши он машғул буд.

Чаро қумондони бадеҳқонирафта кушта шуд?

Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, Саъдӣ командир аз хешони раисҷумҳри Тоҷикистон маҳсуб мешуд — модари ӯ ва модари Эмомалӣ Раҳмон духтархола буданд.  Ҳарчанд Холмуродов аз сиёсат канор рафта буд, на ба он ва на ба корҳои Оила дахолат намекард, чанде қабл яке аз аъзои Оила, аниқтараш Озода Раҳмон ба корҳои Саъдӣ командир дахолат кард ва байни онҳо хархаша рӯй дод.

Манбаъ мегӯяд Холмуродов дар мавзеъи истироҳатии Варзоб ҳавлии бузург бо ним гектар замин дорад, ки Озода ба он чашм ало кард ва хост тавассути додгоҳ, яъне бекор кардани ҳақи моликияти Холмуродов онро ба даст орад. Саъдӣ командир ба Озода таҳдид кард, ки ҳам худаш ба ҳам падарашро “нест мекунад”. Баъдан ба қабули Эмомалӣ Раҳмон рафт ва гуфтумоне бо ӯ ҳам дар ин масъала доштааст.

Саъдӣ Холмуродов баъди даргузашти бародари раисҷумҳур муддате раҳбари муҳофизони қасри расиҷумҳур ҳам будааст. Манбаъ гуфт Саъдӣ дар ҷанозаи Нуриддин Раҳмон, бародари раисҷумҳур бо ӯ вомехӯрад ва Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ мепурсад, ки ҳоло чӣ вазифа дорад. Саъдӣ мегӯяд бекор аст. Раисҷумҳур ба ӯ вазиваи сардори пулиси ноҳияи Данғараро пешниҳод менамояд, вале Холмуродов қабул намекунад. Аммо пешниҳоди дигари раисҷумҳур — сардории муҳофизони қасраш аз тарафи Холмуродов пазируфта мешавад. Вале баъди муноқишае бо яке аз вазирони қудратӣ вазифаашро тарк карда ба хона бармегардад. Ҷузъиёти ин муноқиша маълум нест вале манбаъ тахмин мезанад муноқиша бо Рамазон Раҳимзода ё Саймӯъмин Ятимов рух додааст.  

Қаблан ҳам чанд ҳолати муноқишаи Саъдӣ командир мушоҳида шудааст. Ӯ соли 1999 Матлубхон Давлатов — писархолаи раисҷумҳур ва раҳбари вақти дастгоҳи ӯро низ латукӯб мекунад, ки боиси аз сиёсат ва мансаб канор заданаш мешавад. Баъди ин ҳодиса ӯ натавонистааст ба қабули раисҷумҳур мушарраф шавад.

Латукӯби як тоҷир дар бозори Саховат дар соли 2001 боис мешавад алайҳи Саъдӣ командир бо соддаи 237 қисми 3 парванда боз ва худи ӯ ба муддати шаш моҳ боздошт шавад. Баъди назди модари раисҷумҳур рафтани модари ӯ, Эмомалӣ Раҳмон ба Иззатулло Шарипов (Зорро), ки он замон сардори РКД Душанбе буд, амр мекунад Саъдӣ командирро озод кунад.  

Асари хуни зиёд низ, ки дар мавзеъи ба дарё сарозер шудани Саъдӣ командир пайдо шудааст, ба қатл шудани ӯ бештар алолат мекунад. Ҳамчунин даъвои мақомот мабнӣ бар ин ки он хун хуни як саг аст — Холмуродов аз ҳамонҷо ба дарё афтидааст ва ҳамонҷо хуни кадом саге пайдо мешавад.

Сабаби қатли ӯ чист — ҳавлии дар Варзоб будааш, таҳдидаш ба Озода Раҳмон, муноқишааш бо вазири қудратӣ ва ё чизи дигар вақт маълум хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *