Рубрики Хабарҳо

Ҳаракат дар роҳи Душанбе —Хуҷанд боз шуд, аммо хатар вуҷуд дорад

IRS (Инновейтив Роуд Солюшнз), ширкати пулчин дар роҳи Душанбе Хуҷанд, ки нигаҳдории ин роҳро ҳам ба дӯш дорад, аз боз шудани ҳаракат дар ин роҳ хабар дода, аммо гуфтааст хатари фаромадани тармаҳо ҳанӯз зиёд аст.

“Тармаҳо бартараф гардида,  роҳ барои автомобилҳои сабукрав кушода шуд.  Ҳоло ҳаракат аз самти Душанбе  ҷониби Хуҷанд оғоз гардид”, — омадааст дар иттилоъияи ин ширкат.

Субҳи имрӯз ин ширкати мутталлиқ ба хонаводаи раисҷумҳур хабар дода буд, ки “дар километри 69  ва 71- уми роҳи Душанбе  — Чаноқ тармаҳои калон фаромад. Барои бартараф намудани он техникаҳои филиали Ширкат сафарбар гардида,  ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан манъ карда шуд”.

Баъди 5 соати баста шудани роҳ IRS аз бартараф шудани монеъаҳо ва кушода шудани роҳ хабар дода, таъкид кардааст “бориши барф бениҳоят пуршиддат буда,  тармафароӣ зиёд аст” ва аз ронандагон хоҳиш кардааст “ ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд”.

IRS, ки аз он намояндагии ширкате бо ҳамин ном дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, як ширкати офшорист, ки ба Ҷамолиддин Нуралиев, домоди раисҷумҳур ва Озода Раҳмон, духтар ва раҳбари Дастгоҳи раисҷумҳур таъаллуқ дорад. Тибқи ҳисобҳо,  ин ширкат солона беш аз 100 миллион доллар фоидаи соф ба даст меорад.

Яъне аз замони таъсисаш ва даст гирифтани роҳе, ки бо пули қарз сохта шуда буд, сокинони Тоҷикистонро дар ҳаҷми 1 миллиарду 200 миллион доллар ғорат карда, ва онро ба хориҷ интиқол додааст. Ин маблаӯ аз қарзе, ки барои сохтани роҳ гирифта шуда буд, қариб 3 баробар бештар аст. Қарз аммо ҳанӯз пардохт нашуда ва онро аз буҷаи кишвар мепардозанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *