Кишварҳои узви гурӯҳи G-20 тайи нишасти фавқулоъда аз тариқи видеоконфронс бар аҳамияти ҳамкорӣ барои муборизаи муштарак бо вируси коруно дар сатҳи ҷаҳон таъкид карданд.
Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи G-бист пас аз нишасти фавқулода, ки аз видеоконфронс ҷиҳати баррасии буҳрони коруно ташкил шуд, тайи баёнияе эълом карданд: Мубориза бо ин бемории ҳамагир ба рӯҳияи шаффоф , қавӣ , ҳамоҳанг, ҳамбстагӣ ва як иқдоми ҷаҳонӣ дар миқёси бузург зарурат дорад.
Дар ин баёния ҳамчунин омадааст:
“Ёфтани роҳи ҳал барои таъсироти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин мавзӯъоти беҳдоштӣ ба унвони аввалуияти мо барои ин таҳдиди муштарак аст”.
G—20 тасмим гирифтааст бо ҳамроҳии Созмони беҳдошти ҷаҳонии (WHO), сандуқи байналмилалии пул (IMF), банки ҷаҳонӣ ва Созмони милал тамоми иқдомоти лозимро барои ғалаба бар ин беморӣ анҷом диҳад.
Ба кӯмаки ҳудуди 5 трилиюн доллар ба иқтисоди ҷаҳонӣ барои муқобила бо коруно таъкид карданд, ки ба ҳимоятҳои молӣ ҷасурона ва густурда идома хоҳем дод”.