Рубрики Хабарҳо

Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд як кушта ба ҷой гузошт

Бар асари садамае, ки нимарӯзии 10 январ ба вуқӯъ пайваст, як нафар кушта шуда ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шоҳроҳ бар асари фаромадани тарма баста боқӣ мемонад.

Тибқи иттилоъи Кумитаи Ҳолатҳои фавқулъода “дар 53 километрии роҳи монигарди Душанбе — Варзоб ронандаи мошини «Opel Zafira» зимни ҳаракта аз Душанбе ба Хуҷанд, аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба мошини боркаши интиқоли гази моеъ бармехӯрад. Дар натиҷаи садама 6 мусофири мошини сабукрав ҷароҳат бардоштанд”.

Ҳамаи онҳо ба беморхона интиқол дода шуда, дертар як мусофирзан ҷон додааст.

Аз ӯ Сайрам Мирзоева ном бурда мешавад, ки сокини ноҳияи Ашт буда, 57 сол доштааст.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ гуфтаанд, ки хатари тармафароӣ то 15-уми январ боқӣ мемонад.

Гуфтанист, ки тибқи пешгӯи мутахассисони ҳавошиносии кишвар, шурӯъ аз дирӯз, 10-уми январ дар кишвар сардшавии ҳаво мушоҳида мешавад ва чанд рӯз идома мекунад. Дар ин муддат, дар саросари кишвар бориши барфу боронҳои пуршиддат дар назар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *