Тозатарин гузоришҳо дар хусуси таҳаввулоти ҷанги Укроин аз ташдиди даргириҳое дар ҷабҳаҳои шарқӣ ҳикоят дорад. Ҷое, ки ба гуфтаи бархе манобеъ, як шаҳри калидӣ ҳадафи ҳамалоти сангини нерӯҳои муздури Кремл мавсум ба “Вагнер” қарор гирифтааст.
Блумберг дар гузорише менависад, ки муздурони гурӯҳи низомии Вагнер ҳамалоти мутамаркизеро барои тасарруфи Солидар, як шаҳри хатти муқаддами ҷабҳаи Шарқ оғоз кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи фармондеҳони низомии артиши Укроин, Кремл тавонотарин воҳидҳои ширкати паймонкори низомии Вагнерро дар наздикии ин шаҳр воқеъ дар шарқи минтақаи Донетск мустақар кардааст.
Владимир Зеленский ва шуморе аз фармондеҳони олии таҳти амри вай таъкид доранд, ки нерӯҳои укроинӣ ба рағми оташи сангини тӯпхона ва ҳамалоти мутамаркизи низомиён ва муздурони рус мавозеъи худ дар Солидарро ҳифз кардаанд.
Ситоди кулли артиши Укроин дар охирин барӯзрасонии субҳгоҳи худ эълом кард, ки низомиёни ин кишвар дар рӯзи гузашта ҳамалотеро дар наздикии 13 шаҳрак дар саросари манотиқи шарқи Луганск ва Донетск аз ҷумла Солидар дафъ карданд.
Вазорати дифоъи Укроин низ дар баёнияе ёдовар шуд, ки ҳамла ба Солидарро ба думболи талошҳои номувафақи қаблӣ барои тасарруфи он сурат гирифта, ки пештар мунҷар ба таҳмили хисороти сангин шуда буд.
Аз сӯи дигар артиши Укроин мегӯяд, ки нерӯҳои Русия рӯзи гузашта бори дигар зерсохтҳои ғайринизомиро дар шаҳрҳои Харков, Херсон, Краматорск ва Очаков гулӯла борон карданд.
Созмони паймони Атлантики шимолӣ, НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбе 10 январ мутааҳҳид шуданд, ки ҳимояти низомӣ ва таслиҳотӣ аз Киев барои муқобила бо таҳоҷуми низомии Русияро беш аз пеш тақвият кунанд.
Ин ду ниҳод ваъда доданд, ки куллияи имконот ва таҷҳизоти низомии мавриди ниёзро дар ин хусус дар ихтиёри Укроин қарор диҳанд.
Дар ҳамин росто, НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо бинобар тавофуқи ба дастомада қарор аст ҳафтаи оянда дар хусуси анвоъи силоҳҳои мавриди ниёз барои ирсол ба Укроин бо якдигар ройзанӣ кунанд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО пас аз имзои баёнияҳои муштарак ба ҳамроҳи раисҳои ниҳодҳои Иттиҳодияи Аврупо гуфт: “ҳафтаи оянда бо укроиниҳо музокира мекунем то бубинем чӣ навъ таслиҳоте мавриди ниёз аст ва кадоме аз муттаҳидон қодир ба таҳияи ин силоҳҳо аст.”
Вай тасреҳ кард: «ин гуфтугӯҳо дар чорчуби гурӯҳи Рамштейн (гурӯҳи тамоси дифоъ аз Укроин), ки тавассути Иёлоти муттаҳида эҷод шуда, анҷом хоҳад шуд.”
Ба гуфтаи дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолӣ, НАТО, нишасте ба ҳамин манзур дар Олмон тадорук дида шуда, ки вазири дифоъи Укроин низ дар он ширкат хоҳад кард.
Столтенберг сипас бо ишора ба ин, ки “Русия талафоти сангине мутаҳаммил шуда аммо набояд ин кишвар ва талошаш барои басиҷи нерӯ ва таҷҳизотро дасти кам гирифт” таъкид кард: Русия ҳадафи худро тағйир надода ва худро омодаи идомаи ҷанг мекунад бинобар ин бояд барои кумаки тӯлонимуддат ба Укроин омода буд.”
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар бахши дигаре аз суханонаш дар нишасти муштараки НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо гуфт: “мо тасмим гирифтаем то сатҳи мушорикат байни НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро болотар бубарем то ба таври хосс ба масоиле чун рақобати физояндаи геостратегӣ, мушкилоти муқовамат ва ҳифозат аз зерсохтҳои ҳаётӣ ва ҳамчунин фановариҳои навзуҳур ва мухарриби, фазо, паёмадҳои амниятии ношӣ аз тағйироти иқлимӣ, дахолати хориҷӣ ва дасткориҳои иттилоотӣ бипардозем. Мушорикати мо ҳатто замоне, ки Финланд ва Суид ба таври комил ба узвияти НАТО дароянд, муҳимтар низ мешавад. Бо пайвастани ин ду кишвар ба Паймони Атлантики шимолӣ, густараи қаламрави НАТО аз ҳамеша васеътар хоҳад шуд ва ин паймон аз 96 дарсад шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо муҳофизат хоҳад кард.”
Раиси комиссияи Иттиҳодияи Аврупо: таҳримҳоро ба ҳомиёни низомии Русия чун Беларус ва Эрон бештар мекунем
Аз сӯи дигар Урсила фон дер Ляйен, раиси Комиссиюни Аврупо низ ёдовар шуд, ки Укроин бояд тамоми таҷҳизоти низомии мавриди ниёз барои дифоъ аз хоки худро дарёфт кунад.
Раиси комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин гуфт: “агарчи таҳдидот ва чолишҳои Русия бисёр оҷил аст. Аммо танҳо масъалаи мо нест. Шоҳиди талоши физояндаи Чин барои тағйири назми ҷаҳонӣ ба нафъи худ ҳастем. Пас бояд муқовамати худро тақвият кунем. Мо бо ин баёнияи муштарак, сатҳи мушорикати худро болотар мебарем. Иттиҳодияи Аврупо тамоми талоши худро барои ҳимоят аз мардуми шуҷоъи Укроин хоҳад кард. Мо фишори худро бар Кремл то ҳар замон, ки лозим бошад бо як режими таҳримии фалаҷкунанда идома хоҳем дод. Ҳамчунин ин таҳримҳоро ба ҳомиёни низомии Русия дар ҷанг, чун Беларус ва Эрон афзоиш хоҳем дод. Дар посух ба нақши ҳимояти Беларус аз Русия дар ҷанг, таҳримҳои ҷадиде алайҳи ин кишвар вазъ хоҳем кард.”
Раиси шӯрои Аврупо Иттиҳодия: Путин НАТО-и заифтар мехост аммо комилан бар акс шуд
Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо низ бо ишора ба нахустин кумакҳои низомии Аврупо ба Укроин билофосила пас аз оғози таҳоҷуми низомии Русия таъкид кард: “ҳимояти низомӣ бояд то замоне, ки итминон ҳосил шавад Укроин метавонад аз худ дифоъ кунад, идома ёбад.”
Раиси шӯрои Иттиҳодияи Аврупо гуфт: “НАТО қарор аст ҳузураш дар Аврупои шарқиро густариш диҳад ва Суид ва Финланд ду узви ҷадиди ин паймон хоҳанд буд. Путин НАТО-и заифтаре мехост аммо комилан бар акси он насибаш шуд. Ў ҳам НАТО ва ҳам Иттиҳодияи Аврупои қавитареро дар наздикии худ хоҳад ёфт. Мо ҳам ҳамчунон қавитар мешавем.”
Давлати Укроин аз муттаҳидони ғарбии худ тақозои силоҳҳои сангин ба вежа танки олмонии Леопард-2-ро кардааст. Аз сӯи дигар, Фаронса, Олмон ва Иёлоти муттаҳида ба тозагӣ аз ирсоли худравҳои зиреҳии пешрафта ба Укроин хабар додаанд.
Гуфтанист, ки аз 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, 21 кишвар узви НАТО ҳастанд ва ду кишвар Финланд ва Суид низ моҳи майи гузашта барои пайвастан ба ин Иттиҳодия дархости муштарак ироа карданд.
Мушовири Путин: Русия бо НАТО меҷангад
Яке аз наздиктарин муттаҳидони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе гуфт, ки Маскав акнун бо эътилофи низомии НАТО ба раҳбарии Иёлоти муттаҳида дар Укроин меҷангад ва Ғарб дар талош аст Русияро аз нақшаи сиёсии ҷаҳон пок кунад.
Ба гузориши Рейтерз, Путин ҷанг дар Укроинро набарди ҳайсиятӣ бо “Ғарби мутаҷовизу мутакаббир” медонад ва таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамаи абзорҳои мавҷуд барои муҳофизат аз худ ва мардумаш дар баробари ҳар мутаҷовизе истифода хоҳад кард.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, ки дипломатҳо вайро яке аз мушовирони тундрав ва пурнуфузи Владимир Путин дар Кремл медонанд ба рағми шикастҳои низомии ахири Русия дар майдонҳои набард, ваъдаи пирӯзӣ дар Укроинро додааст.
Вай дар гуфтугӯ бо як ҳафтаномаи русӣ гуфтааст: “рӯйдодҳои Укроин танҳо ба даргирӣ миёни Маскав ва Киев хулоса намешавад балки навъе рӯёрӯии низомӣ байнӣ Русия ва НАТО ва муҳимтар аз ҳама муқобала бо Иёлоти муттаҳида ва Бритониё аст.”
Патрушев таъкид дорад, ки Ғарб дар пайи таҷзияи Русия аст ва дар ниҳоят мехоҳад “ин кишварро аз нақшаи сиёсии ҷаҳон пок кунад.”
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл низ дар посух ба саволе зимни таъйиди изҳороти Николай Патрушев, гуфт, ки НАТО ва Амрико бахше аз даргирии Укроин ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки Амрико иддаоҳои Русия мабни бар азми Вашингтон барои нобуд кардани ин кишвар ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи манобеъи табийи ҷаҳонро рад кардааст.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар ҳамин росто ҳушдор додааст, ки даргирӣ байнӣ Русия ва НАТО метавонад мунҷар ба ҷанги ҷаҳонии севум шавад.