Рубрики Хабарҳо

Бо “ғамхориҳои пешво”, аммо пули мардум

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Ашт аз шурӯъи қарибулвуқӯъи таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд, ки яке аз валангортарин роҳҳои кишвар маҳсуб мешавад, хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ “бо назардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”… соҳибкорони ноҳия барои таъмири роҳ 2,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Хабари ҷамъоварии маблағ барои таъмири роҳ, ки дар асл ба дӯши ҳукумат аст ва бояд аз пули буҷа ва андози роҳ, ки солона садҳо миллион сомонӣ ҷамъоварӣ мешавад сохта шавад, бо ситоиши раисони ҳукумати марказӣ ва маҳаллӣ шурӯъ шудааст. Аз соҳибкороне, ки маблағи муодили 230 ҳазор доллари амрикоиро хайр кардаанд, пас аз васфи тӯлонии раисони ҳукуматҳо, дар поёни хабар дар ду ҷумлаи кӯтоҳ ёд шудааст. 

Манбаъ бо овардани унвонҳои дурударози “пешво” хотиррасон мекунад, ки Раҳмон дар паёмаш  дар 21 декабри 2021 чунин “зикр намудаанд”:

“Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022–2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон–Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ–Қубодиён–Шаҳритус, Данғара–Гулистон–Кӯлоб, Рӯшон–Хоруғ–Кулма, Хуҷанд–Конибодом ва Хуҷанд–Ашт оғоз мегардад”.

Ин ваъдаи раисҷумҳур, ки албатта мисли ҳамаи ваъдаҳояш аз толори ҳамон маҷлисгоҳ берун нарафтааст, аз сӯи Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Ашт на чун ваъда, балки супориш ба соҳибкорони ноҳия талаққӣ мешавад. Дар гузориши манбаъ аз вохӯрии раиси ноҳия бо соҳибкорон, ки бо 68(!) акс нашр шудааст, омадааст:

“Бо назардошти ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иқдоми навбатии худ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ, ки зодаи ноҳия мебошанд, вобаста ба саҳмгузорӣ ба таъмири ҷории роҳи автомабилгарди Хуҷанд-Ашт муроҷиат намуд”.

“Иқдоми навбатии” раиси ноҳияи Ашт, ки ҷамъоварии маблағ аз соҳибкорон барои коре, ки вазифаи ҳукумат аст буда, тибқи иттиолоъи манобеъи “Паём” аз тарафи мақомоти қудративу тафтишотӣ ва иҷроияву андози ноҳия низ “дастгирии ҳаматарафа” доштааст.  

Яъне қабл аз ҷаласа маъмурони ин ниҳодҳо бо соҳибкорон тамос гирифтаву ба дӯши ҳар кадом маблағи муайянро “бор кардаанд”. Албатта бо таҳдиди ин ки дар сурати ба дӯш нагирифтани пардохти маблағи муайяншуда, соҳибкорро тафтиш, ҷарима ва ҳатто боздошт интизор аст. 

Дар идома манбаъ менависад “дар ҷамъомад гуфта шуд, ки азнавсозии роҳи Хуҷанд-Ашт таҳти назорати бевоситаи роҳбари давлат қарор дорад ва тибқи муҳлати муқараркарда сохта хоҳад шуд”. Яъне раисҷумҳур азнавсозии роҳро ваъда дода ва назорати онро ҳам ба дӯш гирифтааст, аммо он на аз ҳисоби буҷаи ҳукумати Раҳмон, балки соҳибкорони маҳаллӣ сохта хоҳад шуд. 

Идомаи муроҷиъати раиси ноҳияи Ашт боз ҷолибтар аст: “Мардуми шарифи ноҳия ба ин ғамхории Пешвои миллат бетарафӣ зоҳир накарда, барои ободии диёр бо амри виҷдон саҳмгузор бошем”. Яъне танҳо ваъдаи азнавсозӣ додан аз сӯи “пешво” акнун ғамхории ӯ дониста мешавад ва мардум маҷбуранд дар посух ба ин ғамхории бе мислу монанд аз кисаҳояшон пул харҷ кунанд, то “ғамхории” “пешво” муаллақ намонад. 

Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт дар суханронии булъаҷаби худ дар ҳузури соҳибкорони ноҳи боз ҳам фаротар рафта, бунёди корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз сӯи ҳамин соҳибкоронро ниҳ ба “дастгириҳои бевоситаи” пешвояш нисбат додааст:    

“Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ташаббус ва кушишҳои якҷояи мову шумо, шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд мегардад. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони бо нангу номуси ноҳия дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии диёр назаррас мебошад. Бунёди ду корхонаи азим дар ноҳия яъне корхонаи коркарди нахи пахта ва ҷӯроббофӣ амсоли гуфтаи болост. Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки барои таъмир намудани роҳи Хуҷанд-Ашт соҳибкорону саховатмандони бо нангу номуси ноҳия бетарафӣ зоҳир намекунанд”.

Дар идомаи ин гузориши Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Ашт даъват ба хайрхоҳӣ аз “ташаббусҳо”-и Муҳаммадзода номида шудааст: “Сипас, дар худи толор Раиси ноҳия ташаббус намуда, даъват ба амал овард, ки соҳибкорон барои таъмири ҷорӣ бо асфалти гарм намудани роҳи автомабилгарди Хуҷанд-Ашт саҳмгузор бошанд”.

Ин ҳам ду ҷулаи кӯтоҳ пас аз ситоиши тумтароқи раисони ҳукуматҳои марказиву маҳаллӣ дар ҳақи соҳибкороне, ки 2,5 миллионро ҷамъоварӣ кардаанд:

“Соҳибкорон пешниҳоди роҳбари ноҳияро хуб пазируфта,ҳимматбаландии худро нишон доданд ва иброз доштанд, ки ҳамеша барои корҳои хайр ва ободкорӣ омода ҳастанд.

76 нафар соҳибкорони ватаниву бурунмарзӣ ташаббус намуданд ва дар умум беш аз 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағи интизорӣ ҷамъ шуд”. 

Гуфтанист, се сол қабл соҳибкорони маҳаллӣ роҳҳои ҷамоъати Понғози ноҳияро бо харҷи беш аз 100 ҳазор доллар мумфарш карда буданд. Зоҳиран “пешво” баъди дидани ин иқдом тасмим гирифтааст дар ҳақи соҳибкорони маҳал “ғамхорӣ” зоҳир намуда, онҳоро маҷбур созад то ба ҷои ҳукумати корношоямаш роҳҳои ноҳияро таъмир кунанд. 

Бо гумони ғолиб, баъди посухи мусбати соҳибкорони Ашт ба «ғамхорӣ»-и «пешво» раванди нави «ғамхорӣ» ба тамоми ноҳияҳои кишвар шурӯъ хоҳад шуд: «пешво» «ғамхорӣ намуда» ваъдаҳо хоҳад дод, то соҳибкорон иҷрои онро аз кисаҳояшон таъмин кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *