Рубрики Хабарҳо

Нафс ва ногуфтаҳояш

Се сол ва анде қабл, аз шайхи солхӯрдае дуо талаб намудам. Ангуштонамро бо ду дасти ларзони худ маҳкам гирифт ва ба ман як нигоҳи маънодор кард ва сарашро поён андохту гуфт: бигӯ, Худойо, ниҳони маро аз аёнам беҳтар кун ва аёнамро шоиста соз.

Расидан ба «ниҳони беҳтар аз аён» бисёриҳоро то марзи «маломатия» расондааст. Онҳо барои «сарзаниши нафс» ҳама некиҳои худро пинҳон мекунанд ва костиҳоро ошкор месозанд. Ҳар ончӣ ибодат аст ва тоаът аз диди халқ мепӯшонанд, то мабодо нафс дар ин миён ҳисоб боз кунад ва ҳамаи аҷру савобашонро бидуздад.

Аммо он гуна, ки Ибни Қаййим мегӯяд чӣ басо кори нек, ки банда онро анҷом медиҳад ва ҳеч касе аз он огоҳӣ намеёбад, аммо боз ҳам сара ва беғаш нест. Ва чӣ басо коре, ки ҳама халқи Худо онро мебинанд ва боз ҳам ноб асту холис ва қабули даргоҳи Худо. Он чӣ Ибни Қаййим мехоҳад бигӯяд ин аст, ки дунёи нафс печидатар аз он аст танҳо бо пинҳон кардани некӯкориҳоямон аз «дуздон»-и роҳ худро бираҳонем. Ин “дуздон» дар роҳ миёни амал то қалб ва дар масири қалб то Худо ба камин нишастаанд.

Сӯфӣ ва фақеҳи бузурги моликӣ Ибни Атоуллоҳ Искандарӣ дар китоби «Ал-ҳикамул Атоийя” мегӯяд нафс дар гуноҳон ва нофармониҳо ошкор аст, аммо дар ибодот ва некиҳо сахт пӯшидааст ва пинҳон, ва дармони дардҳои пинҳон хеле душвор аст.

Пардохтан ба нафс ва шинохти беҳтар аз он моро ба хулуси ният як гом наздиктар месозад. Пардохтан ба костиҳоямон набояд моро аз кори хайр дар малаъи ом боз дорад ва дастовардҳоямон дар малаъ набояд моро ба оғӯши ғуруру кибр ва худбинӣ парт кунад.

Солҳо гузашт ва то ҳанӯз ҳам дуои он пирамард аз ҳар гоҳе дар аъмоқам мепечад ва барои як лаҳза порчаҳои парокандаамро ба ҳам наздик мекунад.

Мутеъуллоҳ Тоиб

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *