Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон боз аз ҷангу хунрезӣ, ҷашн ва зиракии сиёсӣ гуфт

Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 12 май зимни мулоқот мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, мисли одати ҳарвақтааш дар бораи азияти мардуми ҷаҳон аз нарасидани обу ғизо, ҷангу хунрезӣ ва амалиёти террористӣ гуфт.

Порае аз суханони ӯ:

“Ҳамасола аз шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот карда, 31 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд”.

“…қариб 800 миллион нафар аҳолии сайёра аз норасоии ғизо азият кашида, як миллиард нафар кӯдакон дар шароити қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд..”

Дар “ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст”.

“Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.”

“…дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.”

Бо таъкид ба ин фоҷеъаҳо, ки қисмати зиёди суханронии Эмомалӣ Раҳмонро фаро гирифт, ӯ мисли одат, ки бист сол аст такрор мешавад, мардумро зиракии сиёсӣ ва шукрона даъват кард:

“Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша ҳушёр бошем.”

“Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо овардани оёте аз Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) ба ҳозирин амри маъруф кард:

“Худованд дар ояти 25 сураи Ҳадид мефармояд: “Ба дурустӣ, ки мо пайғамбарони худро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо Китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардум ба инсоф амал кунанд… “”.

“Муъмин набояд худро барои рӯза ба ҳалокат расонад. Зеро Худованд дар ояти 286 сураи Бақара мизони адлро чунин муқаррар кардааст: “Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад.”

Ва ҷашни бузурги дигарро хотиррасон кард:

Дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, супориши қатъӣ додам, ки ба ифтихори сисолагии истиқлолияти кишварамон, яъне то 9-уми сентябри соли 2021 ва дар сатҳи баланди омодагӣ пешвоз гирифтани ин ҷашни бузурги миллӣ корҳои созандагиву ободониро дар тамоми қаламрави кишвар ҳамаҷониба густариш бахшанд.

Раисҷумҳури Тоқикистон таъкид бар ҷудо будани ислом аз сиёсатро ҳам фаромӯш накард:

“Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд.

Ҳол он ки даҳҳо ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одил буданро сифати аслии мусулмонӣ медонанд.”

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар охир боз ба мавзӯъи ҷангу хунрезӣ баргашт ва аз ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Ховари Миёна гуфт:

“Тавре ки чандин бор таъкид карда будам, баъзе ҷавонони гумроҳшудаи мо низ ба сафи ҷангиёни гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро пайваста, дар муҳорибаҳои хунини давлатҳои хориҷӣ ширкат доранд.”

“Баъди дар ҳудуди давлатҳои Ироқу Сурия саркӯб шудани созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба он шомил буданд, барои идома додани аъмоли ҷинояткоронаи худ, мисли солҳои 90-уми гузашта бо саркардагии собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат, дар қаламрави Афғонистон ҷамъ омадаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон шумори кушташудагон ва боздоштшудагонро низ дақиқ кард:

“..то имрӯз аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок кардаанд, 675 нафар дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Шумораи кушташудагон, тибқи маълумот, беш аз 500 нафарро ташкил менамояд.”

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *