Рубрики Хабарҳо

Имзои 11 санади ҳамкорӣ миёни Эрону Узбекистон

Дар пайи сафар раисҷумҳурии Узбекистон ба Эрон 11 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шуд. 

Маросими истиқболи расмӣ аз Шавкат Мирзоев٬ раисҷумҳури Узбекистон аз сӯи Иброҳим Раисӣ, ҳамтои эронии вай дар маҷмӯаи фарҳангӣ-таърихӣ Саъдободи Теҳрон анҷом шуд. 

Маросими имзоӣ асноди ҳамкориҳои Эрону Узбекистон дар ҳузури раисҷумҳурҳои ду кишвар баргузор шуд. 11 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои тиҷорат, стандарт, манотиқи озод, дору, бима (суғурта), ҳамлу нақл ва мавриди дигар аст, ки ба имзои мақомоти олирутбаи эронӣ ва узбекистонӣ расид. 

Дар ин сафар ҳайати олирутба аз мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии Узбекистон, Мирзоевро ҳамроҳӣ мекунанд. 

Раисҷумҳури Узбекистон пас аз ду даҳа ба Эрон сафар кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *