Кремл ҳушдор дод танкҳоеро, ки ғарбиҳо аз ҷумла Лондон қасд доранд ба Укроин таҳвил диҳанд, ба оташ мекашанд.
Дар ҳоле, ки Бритониё рӯзи гузашта ваъдаи ирсоли танкҳои Челинҷер-2 аз пешрафтатарин танкҳои ҷангии худро ба Укроин дод то мавзеъи ин кишварро дар ҷанг бо Русия тақвият кунад Дмитрий Песков, сухангӯи кохи риёсатҷумҳури Русия дар нишасти телефонии рӯзонаи худ бо расонаҳо ин кишвар гуфт: “ин танкҳо месӯзанд ва хоҳанд сӯхт.”
Песков дар бахш дигаре аз суханонаш бо ишора ба ҳамлаи мушакӣ ба Укроин ҳар гуна ҳамлаи мушакӣ ба як бинои истиқоматӣ дар Днепрро такзиб кард ва гуфт: “неруҳои мусаллаҳи Русия сохтмонҳои маскунӣ ё зерсохтҳои ғайринизомиро бомбаборон намекунанд, балки аҳдоф низомиро бомбаборон мекунанд.” Ӯ ҳамчунин муддаӣ шуд ҳодиса дар Днепр ношӣ аз бархурди падофанди ҳавоии Укроин будааст аммо Киев ин иддаоро рад карда ва муддаӣ шудааст ин сохтмон мавриди ҳамлаи мушакии Русия қарор гирифтааст.
Теъдоди кушташудагони ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Днепрои Укрино ба 40 нафар афзоиш ёфт. Ба гуфтаи Генади Курбон, яке аз мақомоти ин шаҳр, дасти кам 40 нафар дар ин ҳамла кушта шуданд ва 30 нафар ҳанӯз мафқуд ҳастанд. Ў ҳамчин изҳор кард 75 нафар аз ҷумла 14 кӯдак захмӣ шуданд. Ин маргбортарин ҳодиса барои ғайринизомӣ дар се моҳаи ахири ҷанги Укроин ва Русия аст.
Мақомоти Укроин умеди андаке ба ёфтани нафари дигаре дар зери вайронаҳои ҳамла дар Днепр доранд, аммо Владимир Зеленский гуфтааст, ки амалиёти наҷот то замоне, ки кӯчактарин фурсате барои наҷоти ҷони инсонҳо вуҷуд дошта бошад, идома хоҳад дошт. Зеленский дар як барномаи телевизионӣ гуфт: “даҳҳо нафар аз ҷумла шаш кӯдак аз зери вайрона наҷот ёфтанд, мо барои ҳар нафар меҷангем.»
Интизор меравад дар ҳафтаҳои оянда таъмини таслиҳоти бештар барои Киев сурат гирад. Фаронса, Иёлоти муттаҳида ва Олмон ҳамагӣ мутааҳҳид шудаанд, ки тонкҳои ҷангиро дар ин моҳ ба Укроин мунтақил кунанд, ҳарчанд кишварҳои ғарбӣ то кунун аз ироаи тонкҳои аслии набард худдорӣ карда буданд, аммо Бритониё ҳафтаи гузашта ин тобуро шикаст ва ба Укроин ваъдаи ирсол 14 Челинҷер-2 — пешрафтатарин тонкҳои таҳоҷумии худро дод.
Дар ин миёни Кристин Ломбершит, вазири дифоъи Олмон, рӯзи душанбе пас аз изҳороти ҷанҷолӣ дар мавриди ҷанг, истеъфо дод ва заминаро барои ҳафтае, ки интизор меравад яке аз муҳиммтарин ҳафтаҳо дар ташреҳи ҳимояти низомии Ғарб аз Киев бошад, омода кард.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки муттаҳидон қарор аст рӯзи ҷумъа дар як пойгоҳи ҳавоии Иёлоти муттаҳида дар Олмон барои баҳс дар мавриди кумакҳои низомӣ дидор кунанд, Берлин таҳти фишори шадиде қарор дорад то иҷозаи ирсоли танкҳои ҷангии Леопарди худро содир кунад, Укроин умедвор аст ин кор ба сутуни нерӯи зиреҳии ҷадид табдил шавад.
Давлати Олмон гуфт, ки Олаф Шолтс, садриаъзами ин кишвар истеъфои Ломбершитро пазируфта ва ба зудӣ вазири дифоъи ҷадидеро ба ҷойи ӯ мансуб хоҳад кард.
Хурӯҷи ӯ танҳо се рӯз қабл аз мизбонӣ аз ҳамтои амрикоии худ,Ллойд Остин ва чаҳор рӯз қабл аз ҷамъ шудани муттаҳидон дар пойгоҳи ҳавоии Рамштаин дар Олмон барои нишасти баъдӣ барои ҳамоҳангии ҳимояти низомӣ аз Киев сурат мегирад.
Дар пайи ваъдаи муттаҳидони ғарбии Укроин барои ирсоли кумакҳои бештар, Маскав Ғарбро ба ташдиди даргирӣ муттаҳам кардааст, агарчи Русия мегӯяд, ки таъмини танкҳо бар раванди ҷанг таъсире нахоҳад дошт аммо Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, ки танкҳои бритониёӣ мисли бақия хоҳанд сӯхт.