Соли гузашта ба вилояти Суғд ба маблағи 2 миллиарду 99 миллиону 500 ҳазор доллар маҳсулоти гуногун ворид карда шудааст.
Дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 3 миллиарду 186 миллион доллари ИМА расида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2021ум 140,8 фоизро ташкил додааст.
Тибқи иттилои расмии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин давра аз вилоят ба маблағи 1 миллиарду 86 миллиону 200 ҳазор доллар маҳсулот содирот шудааст, ки 1,7 баробар афзоиш доштааст.
Аз вилоят асосан ба маблағи 729 миллиону 100 ҳазор доллар металлу консентрат содир шудааст. Соли гузашта аз вилоят ба маблағи 22 миллиону 300 ҳазор доллар, 722 ҳазору 594 тонна семент содир шудааст.
Содироти риштаи пахтагӣ 84 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил додааст.
Соли гузашта аз вилояти Суғд 133 ҳазору 460 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 38 миллиону 900 ҳазор доллар содир шудааст. Саҳми меваи хушк дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротӣ 26 миллиону 500 ҳазор доллар ё 53 ҳазору 387 тонна будааст.
Пиёз ба маблағи 6 миллиону 300 ҳазор доллар содир шудааст. Дар баробари ин аз вилоят ба бозорҳои хориҷӣ ба маблағи 34 ҳазору 500 доллар доллари ИМА наздик ба 12 миллион дона тухм ва гӯшти мурғ фиристода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маҳсулот ба вилояти Суғд дар соли 2022 нисбат ба ҳаҷми содирот 1,6 маротиба бештар аст. Ҳамин тариқ, соли гузашта ба вилоят ба маблағи 2 миллиарду 99 миллиону 500 ҳазор доллар маҳсулот ворид шудааст.
Ин ҳам тибқи маълумоти расмӣ. Одатан коршиносон ба омори ироакардаи мақомоти Тоҷикистон бо шубҳа нигоҳ мекунанд, чун изофанависӣ дар ҳама соҳаҳо то чанд баробар вуҷуд дорад.