Рубрики Хабарҳо

Вазири дохилаи Укроин ҳамроҳ бо муовинаш дар суқути чархбол кушта шуд

Дар натиҷаи суқути чархбол дар шаҳри Бровари, ҳавмаи Киев, вазири умури дохилаи Укроин Денис Монастирский, муовини ӯ Евгений Енин ва сухангӯи ин вазорат Юрий Лубкович ҷон бохтанд.

Чархбол байни як хонаи истиқоматӣ ва боғчаи бачагона суқут кардааст, ки дар натиҷа мардуми осоишта низ, ки байнашон кӯдакон ҳам ҳастанд, ҷон бохтаанд. Дар натиҷаи садама дар бинои истиқоматӣ ва боғчаи кӯдакон сӯхтор ба амал омадааст.

Гуфта мешавад вазир ҳамроҳи тимаш ба самти яке аз нуқтаҳои доғи ҷанг дар парвоз буд. Сабаби суқути ҳавопайморо Вазорати дохилаи Укроин иштибоҳи халабон гуфтааст.

Чархбол дар баландии бисёр поин парвоз мекардааст, ки бинобар меҳ ба боми хонае бархӯрда  ва замин хӯрдааст. 

Шумори кушташудагон то ин дам ба 19 нафар расидааст. Ҳади ақал 22 нафар ҷароҳат бардошта ва 10 нафар ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Мақомоти Укроин аз таъсиси комиссиюн барои тафтиши сабабҳои фоҷеъа хабар доданд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *