Владимир Зелкнский, раисҷумҳури Укроин бори дигар ба ҳамкории таслиҳотии Теҳрон ва Маскав дар таҷовузи низомии ахир ба кишвараш ишора кард ва гуфт, ки агар Эрон силоҳ дар ихтиёри Русия қарор намедод дастрасӣ ба сулҳ имрӯз наздиктар буд.
Владимир Зеленский рӯзи якшанбе пас аз дидор бо Урсула фан дер Ляйен, раиси комиссияи Иттиҳодияи Аврупо, хостори муҷозоти Эрон ба далели фурӯши таслиҳот ба Русия шуд.
Раисҷумҳури Укроин сипас таъкид кард, ки дар ҷараёни дидор бо хонум фон дер Ляйен бо вай дар бораи афзоиши фишорҳо бар ҳукумати ҳоким бар Эрон гуфтугӯ кардааст.
Бино ба ин гузориш, Зеленский шомгоҳи якшанбе тайи суханоне бо таъкид бар ин ки Теҳрон ба далели “ҳамдастӣ дар терроризми Русия бояд муҷозот шавад” ёдовар шуд: “мо ин мавзӯъро на танҳо дар сатҳи шарикои суннатии худ матраҳ хоҳем кард, балки ҳамагон огоҳ хоҳанд шуд, ки кумаки режими Эрон ба Русия ба тӯлонитар шудани ин ҷанг ва ба оқибатҳои он ба таъсири дарозмуддати таҳдидҳои ношӣ аз таҷовузи низомии Русия кумак кардааст.”
Вай сипас тасреҳ кард: “агар кумаки таслиҳотии Эрон ба мутаҷовиз набуд мо акнун ба сулҳ наздиктар будем.” Раисҷумҳури Укроин афзуд: ҳама касоне, ки ба Русия дар ҳамла ба Укроин кумак карданд, масъулияти авоқиби ҷангро бар ӯҳда доранд.
Владимири Зеленский бино ба гузориши Иерусалим пост сипас бори дигар ба таҳдидҳои ношӣ аз ҳамалоти Русия бо истифода аз паҳподҳои интиҳории Эрон ба кишвараш ишора кард ва таъкид кард: “имрӯз ишғолгарон (нерӯҳои низомии Русия) дубора аз паҳподҳои таҳоҷумии Эрон истифода карданд.”
Укроин ба думболи ҷилавгирӣ аз арзаи паҳподҳои эронӣ ба Русия ва муҷозоти шадидтари Теҳрон ба далели ин мушорикати низомӣ аст.
Бар асоси иттилооте, ки Киев ва кишварҳои ғарбӣ муддаии дастёбӣ ба он ҳастанд, Русия дасти кам аз моҳи августи гузашта ба ин су аз паҳподҳои интиҳории эронӣ барои ҳамла ба зерсохтҳои низомӣ ва ғайринизомии Укроин истифода кардааст, Ҳарчанд, ки мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки пештар аз моҳи июл нисбат ба ин мавзӯъ ибрози нигаронӣ карда буданд.
Ин иддаоҳо пеш аз ин борҳо аз сӯи мақомоти Русия ва Эрон рад ва ҳар гуна мушорикати низомӣ миёни ду кишвар дар ҷанги ҷорӣ дар Укроин такзиб шуда буд.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон тайи рӯзҳои гузашта дар чархишии ошкор нисбат ба мавозеъи пешини худ таъйид кард, ки кишвараш пеш аз оғози ҷанги Укроин паҳподҳои дар ихтиёри Русия қарор додааст.
Вай рӯзи шанбе ба сароҳат таъйид кард, ки Эрон моҳҳо қабл аз ҷанг дар Укроин теъдоди маҳдуди паҳпод дар ихтиёри Русия қарор додааст.
Амир Абдуллоҳиён, ки пештар ҳаммонанди дигар мақомоти эронӣ иттиҳомҳои Ғарб ва Киев мабнӣ бар фурӯши паҳподҳои таҳоҷумӣ ба Русияро мункир шуда буд дар айни ҳол ёдовар шуд, ки кишвараш омодааст ҳаргуна шавоҳиде мабнӣ бар истифода аз паҳподҳои эронӣ дар муноқишаи Укроинро баррасӣ кунад.
Киев муддаӣ аст, ки ҳудуди 400 фарванд паҳподи эронӣ то кунун дар ҳамалоти Русия алайҳи мардуми Укроин мавриди истифода қарор гирифта ва Маскав ҳудуди 2 ҳазор фарванди дигар аз ин паҳподҳоро низ супориш додааст.
Укроин ҳамчунин моҳи сентябри гузашта эълом кард, ки тасмим гирифтааст равобити дипломатики худ бо Теҳронро ба далели кумаки таслиҳотии Теҳрон ба Маскав ба шиддат коҳиш диҳад.
Иттиҳодияи Аврупо ва бархе дигар аз кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Бритониё пештар таҳримҳоеро ба далели ирсоли паҳпод ба Русия алайҳи Эрон оғоз кардаанд.
“Саноеъи ҳавоии Шоҳид” мутааллиқ ба Сипоҳи Посдорони Эрон, ки гуфта мешавад паҳподҳои эронӣ мавриди иддаои Киев ва Ғарб дар он ҷо сохта мешавад ба ҳамроҳи се мақоми аршади низомии Сипоҳ пеш аз ин таҳти таҳримҳои Иттиҳодия Аврупо қарор гирифтанд.
Берлин низ ба тозагӣ эълом карда, ки ба ҳамроҳи чанд кишвари дигари Иттиҳодияи Аврупо дар садади эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Эрон аст.
Ин таҳримҳо қарор аст ба гуфтаи Берлин ба далели саркӯбҳои ахири эътирозҳо дар Эрон ва таъйиди расмии ирсоли паҳпод ба Русия аз сӯи Эрон алайҳи ин кишвар аъмол шавад.
Аз сӯи дигар Владимир Зеленский рӯзи якшанбе ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Русия дар идомаи стратегияи худ барои анҷоми “ҳамалоти густурда ба зерсохтҳои мо” дар пайи дастёбӣ ба мушакҳои эронӣ аст.
Сервисҳои иттилоотии Укроин рӯзи ҷумъа гузориш доданд, ки мушакҳои баллистики Эрон ҳанӯз вориди Русия нашудаанд, аммо қарордодҳо ва тавофуқҳо барои ирсоли ин мушакҳо имзо шудааст.