Рубрики Хабарҳо

Ятимов барои гуфтугӯ ба Кобул рафтааст

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов барои гуфтугӯ бо мақомоти афғон ба Кобул рафтааст. 

Бо он, ки дар мавриди сафари Саймуъмин Ятимов ба Афғонистон  иттилое дар кишвар нест, аммо ҷониби Афғонистон ҷузъиёти онро ошкор кардааст. Оқои Ятимов дар Кобул бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, раиси Шӯрои амният ва мақомоти дигари он кишвар мулоқоту гуфтугӯҳо доштааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар сафҳаи «Фейсбук»-и худ навишт, ки дар мулоқот бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, дар мавриди талошҳои сулҳ, охирин таҳаввулот дар музокироти Давҳа, вазъияти амниятӣ, робитаҳои дуҷониба ва вазъи марзи миёни Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳо сурат гирифт.

Муҷибраҳмон Раҳимӣ, аз ёварони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам дар сафҳаи «Фейсбук»-и худ навишт, ки «нигарониҳои амниятӣ, мубориза бо даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ мавриди баҳс қарор гирифт». Ӯ дар идома навишт, «кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ояндаи номаълуми талошҳои сулҳ, эҳтимоли афзоиши даргириҳо, нуфузи даҳшатафканон ба сӯи Осиёи Миёна, афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва … нигаронанд. 

Ин дувумин сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Афғонистон дар шаш моҳи ахир аст. Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Ятимов рӯзҳои 9-11 сенябри соли гузашта низ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ карда буд.

Сафари Ятимов ба Кобул дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 11-уми феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат кард. Гуфта шуд, ки раванди сулҳи байниафғонӣ, ҳифзи марзҳои давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин тарҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, аз мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *