Дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бояд аз ин кишвар ихроҷ шаванд бинобар ин ки ҳукумати Тоҷикистон сарҳадро баста, онҳоро қабул намекунад, сарсон мондаанд.
Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Русия Татяна Москалкова ба хабаргузории итилоъ дода гуфтааст, айни замон онҳо дар марказҳои нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доранд.
Москалкова азудааст, ки “ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода ва барои бурдани онҳо имконият ҳаст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳамаи санадҳои интиқоли онҳоро тайёр карданд, аммо ҷониби Тоҷикистон сарҳадро баста, онҳоро қабул намекунад”.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчунин маълумот додааст, ки имрӯз дар Русия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, ки хоҳиши ба ватан баргаштанро доранд, лекин аз сабаби баста шудани сарҳад ба ин кор имкон надоранд.
Ба гуфтаи Татяна Москалкова, дар робита ба вазъи бамиёномада Русия бо сафоратхона ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон доир ба ин масъала гуфтушунид карданист.
Рӯзи 10-уми апрел ҳукумати Тоҷикистон ба вуруд ва хуруҷи ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷорӣ кард. Дар он роҷеъ ба шаҳрвандони Тоҷикистон сухан намеравад.
Ин маҳдудиятҳо нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, татбиқ намешаванд.
Бино ба Вазорати Корҳои Хориҷии Тоҷикистон, дар ҳолати зарурати баромадани шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон, ки ба гурӯҳҳои мазкур дохил нестанд, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ омода аст, муроҷиатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ташкили парвозҳои махсусро баррасӣ кунад. Аммо ин вазорат нагуфтааст, ки барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон чи коре аз дасташ меояд.