Вазорати маорифи Тоҷикистон ба матолиби марбут ба тарки донишгоҳҳои кишвар кардани донишҷӯёни ӯзбекистонӣ вокуниш кардааст.
Дар вокуниши Вазорати маориф омадааст, ки “То имрӯз на ба вазорати маориф ва илм ва на ба раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳеҷ як нафар ба таври расмӣ барои интиқол ёфтан аз муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба муассисаҳои олии дигар кишварҳо муроҷиат накардааст”.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон аз донишҷӯёни ин кишвар дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон даъват кардааст, то ба ватан баргарданд ва бидуни супоридани имтиҳон ва дигар талаботу санҷиш таҳсили худро дар донишгоҳҳои он кишвар идома диҳанд.
Расонаҳои ӯзбекӣ хабар доданд, ки дархости донишҷӯён дар Ӯзбекистон аз 7 то 15 феврал пазируфта мешавад ва онҳо бо пешниҳоди танҳо нусхаи шиноснома, ариза барои гузариш ва ҳамчунин дафтарчаи имтиҳонот метавонанд дар кишвари худ таҳсил кунанд. Дар пайи ин даъват садҳо донишҷӯи ӯзбекистонӣ, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, дари шӯъбаҳои байнулмилалии донишгоҳҳои Тоҷикистон, назири омӯзгорӣ ва тарбияи ҷисмониро гирифтанд.
Аммо дар вокуниши Вазорати маориф гуфта шудааст, ки раванди гузариш ё интиқол аз як факултаву муассиса ба факултаву муассисаи дигар бо “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешавад.
Дар идомаи вокуниш омадааст, ки тибқи низомнома, интиқол ё гузариши донишҷӯён “бо розигии ректорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар ҳолатҳои истисноӣ бо иҷозати вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои узбекӣ навиштанд, ки аллакай Ӯзбекистон садҳо донишҷӯёнашро аз Тоҷикистон бозхонд кардааст. Раванди бозхонди донишҷӯёни ӯзбек аз ҷумҳурии Қазоқистон низ идома дорад.