Рубрики Хабарҳо

12 сол ҳукми зиндон барои Хайрулло Мирсаидов

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷик ва раҳбари тими КВН-и Тоҷикистон имрӯз, 11 июл аз тарафи додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро бо се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳгор донистанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ дирӯз барои Хайрулло 13 соли зиндон дар маҳбаси низомаш сахт талаб карда буд. Имрӯз додрас Ҷурахон Раҳмон ӯро бо иттиҳоми «азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ» (моддаи 245, қ. 4, банди б), «сохтакории ҳуҷҷатҳо» (моддаи 340, қ. 2, банди а), «пахш кардани маълумоти бардурӯғ» (моддаи 346, қ. 2, бандҳои а, в) журналисти тоҷикро барои 12 сол ба зиндон фиристод.

Ҷурахон Раҳмон зимни қироати ҳукми Мирсаидов гуфт “агар судшаванда зарари расонидааш ба давлатро ба маблағи  123 ҳазору 913 сомонӣ пардохт мекард, ба зиндон маҳкум намешуд”.

Дирӯз Мирсаидов зимни ироаи сухани вопасинаш гуфт, ӯ пулҳои аз буҷа барои КВН ҷудогардидаро ба манфиати худ масраф накардааст. Ӯ дар шарҳи 124 ҳазор маблағҳои ба қавли мақомти тафтишотӣ, “ғайримақсаднок масрафгардида” гуфт, ки гоҳе аз рӯи зарурат маблағро барои пӯшонидани хароҷоти аз қабл пешбининашуда барои КВН дар Русия истифода кардааст. Вале мақомоти санҷиш баръзе чекҳои ӯро қабул накарданд.

Имрӯз баъди эълони ҳукми додгоҳ Хайрулло Мирсаидов чизе нагуфт, аммо вакили дифоъи ӯ Дилафрӯз Самадова, ҳукмро ноодилона хонд ва гуфт, ки онҳо аз болои ин ҳукм шикоят мекунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *