Categories Хабарҳо

Сарҳанги пулис ба одамрабоӣ муттаҳам мешавад

Додситонии кулли Тоҷикистон ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилиро боздошт кардааст. Сарҳанг ё полковники милиса Акмал Юсуфзодаро ба «одамрабоӣ» гумонбар медонанд.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кул хабарро шарҳ надодаанд. Радиои Озодӣ бо истинод ба «чанд манбаъ» менависад Акмал Юсуфзода ба он гумонзад аст, ки «шаби 12-уми июн Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро зӯран ба мошин савор карда, ба самти номаълум бурдааст».

Аз он вақт то ҳоло маълум нест, ки ба омӯзгор чӣ шуда ва ӯ дар куҷост. Мақомоти тафтишотӣ эҳтимоли кушта шудани омӯзгорро сарфи назар намекунанд.

Наздиконаш беш аз як ҳафта боз Исмоил Раҳмоновро ҷустуҷӯ доранд, аммо гуфтанд, ба мақомот забонхат додаанд, ки бо расонаҳо гап намезананд.

Ҳамчунин Радиои Озодӣ аз дастёбӣ ба наворе хабар медиҳад, ки ду нафар шахсеро, ки омӯзгор Исмоил Раҳмонов гуфта мешавад, кашола карда мебаранд. Ҳодиса дар маҳаллаи «Якум Советский»-и шаҳри Душанбе рӯй додааст.

Ба қавли ҳамсуҳбатони расона, шаби ҳодиса омӯзгор Исмоил Раҳмонов дар хонаи хоҳараш дар маҳаллаи «Якум Советский»-и Душанбе буд. Рӯзи 19-уми июн хабарнигорони Радиои Озодӣ ба манзили хоҳари Исмоил Раҳмонов рафтаанд, аммо ӯ дар ин бора гап назадааст.

Як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 19-уми июн гуфт, Акмал Юсуфзода дар бозпурсиҳои аввал гуфтааст, гуё омӯзгорро то ҳудуди ноҳияи Варзоб бурда, дар онҷо раҳо кард, «вале метавонад ҳақиқат набошад». Ба иттилои дарёфтӣ, наздиконаш ӯро дар соҳилҳои дарёи Зарафшон низ ҷустуҷӯ доранд.

Ба қавли манбаъҳои наздик ба ду хонавода, ҳамсари Акмал Юсуфзода ва Исмоил Раҳмонов дар Донишгоҳи тиҷорат кор мекардаанд. Шоҳидон мегӯянд, чӣ моҷарое миёни ду ҳамкор сар зада, полковник шабона ӯро барои суҳбат даъват карда будааст.

Дар коргоҳи ӯ, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, тасдиқ карданд, ки Исмоил Раҳмонов ва ҳамсари полковник якҷоя кор мекарданд. Раҳмонов аз ихтисоси менеҷмент дарс мегуфт, ҳамсари полковник аз забони англисӣ.

Як ҳамсуҳбати расона дар Донишгоҳи тиҷорат дар суҳбати бидуни микрофон гуфтааст, Исмоил Раҳмонов ният дошт, базудӣ рисолаи илмиашро ҳимоя кунанд. «Якуним ҳафта қабл пешдифои рисолаашро ҳимоя кард ва баъди он дигар ба донишгоҳ наомад,» — афзуд ӯ.

Исмоил Раҳмонов зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) буда, дар кафедраи менеҷменти Донишгоҳи тиҷорат кор мекард. 38-сола ва соҳиби чор фарзанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *