Рубрики Хабарҳо

Русия намояндаи расмии сафорати ИМА -ро ихроҷ кард

Мария Олсон, намояндаи расмии сафорати Амрико дар Маскав,  аз ҷумлаи 60 нафар дипломатҳои Амрико аст, ки Русия тасмим дорад, истирдод кунад.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манобеаш дар Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

Сафорати Амрико дар Маскав имрӯз, душанбе, 02 апрел гузориш додааст, ки иҷрои вазифаи Мария Олсон, намояндаи расмии сафорати Амрико дар Маскав ба души муовинаш Андреа Калан вогузор хоҳад шуд.

Худи Мария Олсон дирӯз 1 апрел дар саҳифаи твиттерии худ пости твиттерии Сафорати Амрико дар Русияро бознашр карда буд, ки дар он гуфта мешуд: «Акнун консулгарӣ баста шуд, аммо фаъолияти кории мо барои беҳтар намудани муносибатҳои Русия ва Амрико идома хоҳад ёфт»

Ёдовар мешавем, ки санаи 26 март Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз хориҷ кардани 60 дипломатҳои рус ва инчунин баста шудани Консулгарии генералии Русия дар Сиэтлиро эълон карда буд. Ин қарор аз паи ҳодисаи заҳролудшавии собиқ полковники Хадамоти ҷосусии Русия, Сергей Скрипал дар Британияи Кабир ба вуҷӯъ пайвастааст,  ки як қатор кишварҳои Ғарб Маскавро муттаҳам ба заҳролудшавии Сергей Скрипал мекунанд.

Санаи 29 март, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки Маскав тасмим гирифтааст бо қарори ҳамсон 60 дипломатҳои ИМА-ро ихроҷ намуда, фаъолияти Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Санкт-Петербургро қатъ намояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *