Рубрики Хабарҳо

Парлумони Аврупо ба мамнуъияти ташхиси чеҳра бо истифода аз ҳуши маснуъӣ раъй дод

Аъзои парлумони Аврупо рӯзи чаҳоршанбе ба мамнуъияти ташхиси чеҳра бо истифода аз ҳуши маснуъӣ дар фазоҳои умумӣ раъй доданд. 

Аъзои парлумони Аврупо бо 335 раъйи мувофиқ дар муқобили 235 раъйи мухолиф, ислоҳияеро, ки метавонист роҳро барои шиносоии биометрик дар мавридҳои истисноӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамвор кунад, рад карданд. 

Биометрик ба системаҳое гуфта мешавад, ки вижагиҳои биологикӣ, монанди вижагиҳои чеҳра, сохтори чашм ва асари ангуштро барои таъйини ҳувияти фард, бидуни ризояти шахс, таҷзия ва таҳлил мекунанд. Истифодаи густурда аз ин систем дар режимҳои истибдодӣ тавассути созмонҳои давлатӣ роиҷ шудааст. 

Мамнуъияти парлумони Аврупо ба бахше аз пешнависи қонуне дахл дорад, ки ба унвони қонуни ҳуши маснуӣ шинохта мешавад ва ҳадафи он тазмини тавсеъаи системҳои ҳуши маснуъии инсонмеҳвар, ахлоқӣ, масъулона ва созгор бо муҳити зист дар саросари Иттиҳодияи Аврупо аст. 

Ин қонун дар маҷмӯъ бо 499 раъйи мувофиқ, 28 раъйи мухолиф ва 93 раъйи бетараф дар нишасти умумии парлумони Аврупо дар Страсбург таъйид шуд. 

Ин муқаррарот, ки аввалин талоши ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз баҳрагирии ифротӣ аз ҳуши маснуӣ маҳсуб мешавад, пеш аз иҷроӣ шудан бояд бо мушорикати парлумони Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо мавриди баҳсу баррасии ниҳоӣ қарор гирад. 

Ин баҳсу баррасӣ, ки аз асри чаҳоршанбе 14 июн оғоз шуд, интизор меравад, ки ба шиддат таҳти таъсири зуҳури ногаҳонии роботҳои чати GPT бошад, фановарие, ки ба суръат дар ҳоли такомул аст ва сиёсатгузорон ҳанӯз дар талош барои дарки он ҳастанд. 

Брюссел умедвор аст, ки қонуни ҳуши маснуиро пеш аз поёни соли ҷорӣ барои иҷро ниҳоӣ кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *