Рубрики Хабарҳо

6 соли зиндон барои домулло Абдулҳаннон, ки дар тӯй дашном карда буд

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯҳонии 51-сола Абдулҳаннон Манноновро, ки дар тӯйи бародарзодааш монеи рақсу суруд шуда буд, 6 сол зиндонӣ кардааст.

Ҳукм дар охири ҳафтаи гузашта эълон шуд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ..

Додрас ӯро ба даъват ба ифротгароӣ гунаҳкор кард.

Вакили мудофеъ Саидҷаббор Алиев рӯзи 11-уми апрел эълони ҳукмро тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.

Маълум нест, Абдулҳанон Маннонов дар додгоҳ чӣ гуфтааст ва мавқеи наздиконаш чист.

Дар моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки як рӯҳонӣ монеи рақсу суруд дар ҳавлие шуда, бо лаҳни тунд меҳмононро меронад.

Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт.

Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам зад.

Маннонов дар барнома гуфта буд, аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *